Пас аз заминларзаҳои маргбори Афғонистон Тоҷикистон ҳам ҷунбид

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2023
Обуна шудан
Ба маълумоти Маркази зилзиласанҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон макони заминҷунбӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ буд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминҷунбӣ ба амал омад.
Дар ин бора Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ҷунбиши замин соати 09:23 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сар зад.
Ин манбаъ, шиддати ҷунбиши заминро 4.5 бал арзёбӣ карда, маконии онро ноҳияи Мурғоб гуфт.
Зикр гардид, ки заминҷунбӣ дар масофаи 613 км дуртар аз Тошканд рух дод.
Ҳоло маълумот дар мавриди хисороти ин офати табиӣ дар даст нест ва ниҳодҳои марбутаи ҷумҳурӣ низ ягон маълумот дар мавриди рух додани заминҷунбиро нашр накардаанд.
Землетрясение в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Заминҷунбии навбатӣ дар макони харобшудаи Афғонистон
Бояд гуфт, рӯзи 10 октябр ҳам Тоҷикистонро ду маротиба заминҷунбӣ бо шиддати 3,2 ва 3.7 балл такон дод.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯзи ахир ҷумҳурии дар ҳамсоягӣ будаи Тоҷикистон - Афғонистонро заминларзаҳои пай дар ҳам такон медиҳанд. Мудҳиштаринаш рӯзи 7 октябр бо шиддати 6.2 балл рух дод, ки дар натиҷа беш аз 4000 нафар куштаву захмӣ гардиданд.
Мақомотҳои ин кишвар хабар доданд, ки бар асари ин офати табиӣ манзилҳои зиёди сокинон тахриб шуда, ҳамчунин теъдоди зиёди одамон беному нишон гардиданд.
Зимнан. давлаҳои зиёд ба Афғонистони осепзада кумакҳои башарӣ ирсол карданд. Аз ҷумла Тоҷикистон низ эълон кард, ки кумаки аввалияро ба ин кишвар равона мекунад.
Лентаи хабарҳо
0