https://sputnik.tj/20231011/rusiya-chin-eron-sarmoyaguzori-asli-viloyati-khatlon-1059892091.html
Русия, Чин ва Эрон сармоягузори аслӣ дар вилояти Хатлон
Русия, Чин ва Эрон сармоягузори аслӣ дар вилояти Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, ки ба вилоят аз 28 кишвари хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба Русия, Чин ва Эрон рост меояд
2023-10-11T09:02+0500
2023-10-11T09:02+0500
2023-10-11T09:02+0500
дар тоҷикистон
сармоягузор
чин
русия
эрон
хатлон
тиҷорат
сармояи ҳангуфт
хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102236/30/1022363063_0:136:2500:1542_1920x0_80_0_0_5ab3e8def6b32b43c8136b3565d0aaf0.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар 9 моҳи соли равон ба вилояти Хатлон 50,1 млн доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 45,6 млн доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.Дар ин бора имрӯз дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон хабар дода шуд.Гуфта шуд, ки дар маҷмӯъ, ба вилоят беш аз 1,5 млрд доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 1,4 млрд доллари он сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.Ба вилояти Хатлон аз 28 кишвари хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба Русия (40,1%), Чин (38,1%), Эрон (18,1%) рост меояд.Ҳамзамон, дар вилоят 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 838,3 млн доллар баробар мебошад.Барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ тақвият меёбад.Дар давоми соли гузашта Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021-2025-ум 46 фоиз таъмин гарида, дар давраи амалишавии барномаи мазкур 140 лоиҳа ба маблағи 3,9 миллиард сомонӣ бо пуррагӣ иҷро гардида, дар 91 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.Ғайр аз ин, дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят амалишавии барномаҳои рушд идома дошта, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Темурмалик, Муъминобод, Восеъ, Ёвон, Ҳамадонӣ, Хуросон ва Шаҳритус амалишавии барномаҳо назаррас мебошанд.Дар ҳисобот зикр гардид, ки гардиши савдои хориҷии вилоят ба 365,6 млн доллар баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 10,9 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20231010/maqomoti-khatlon-afzoish-sohibkoron-1059890587.html
чин
русия
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102236/30/1022363063_226:0:2449:1667_1920x0_80_0_0_b4f82b7ca0ccb7136113ab6ac82831c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, сармоягузор, мақомот, русия, сармоя, воридот, чин, эрон
тоҷикистон, хатлон, сармоягузор, мақомот, русия, сармоя, воридот, чин, эрон
Русия, Чин ва Эрон сармоягузори аслӣ дар вилояти Хатлон
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, ки ба вилоят аз 28 кишвари хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба Русия, Чин ва Эрон рост меояд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар 9 моҳи соли равон ба вилояти Хатлон 50,1 млн доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 45,6 млн доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Дар ин бора имрӯз дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон хабар дода шуд.
Гуфта шуд, ки дар маҷмӯъ, ба вилоят беш аз 1,5 млрд доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 1,4 млрд доллари он сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.
Ба вилояти Хатлон аз 28 кишвари хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба Русия (40,1%), Чин (38,1%), Эрон (18,1%) рост меояд.
Ҳамзамон, дар вилоят 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 838,3 млн доллар баробар мебошад.
Барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ тақвият меёбад.
Дар давоми соли гузашта Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021-2025-ум 46 фоиз таъмин гарида, дар давраи амалишавии барномаи мазкур 140 лоиҳа ба маблағи 3,9 миллиард сомонӣ бо пуррагӣ иҷро гардида, дар 91 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.
Ғайр аз ин, дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят амалишавии барномаҳои рушд идома дошта, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Темурмалик, Муъминобод, Восеъ, Ёвон, Ҳамадонӣ, Хуросон ва Шаҳритус амалишавии барномаҳо назаррас мебошанд.
Дар ҳисобот зикр гардид, ки гардиши савдои хориҷии вилоят ба 365,6 млн доллар баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 10,9 миллион доллар коҳиш ёфтааст.