Расонаҳо: Конгресси Амрико аз якҷокунии кумак ба Украина ва Исроил танқид кард

© Sputnik / Дмитрий Паршин / Гузариш ба медиабонкЗдание Капитолия в Вашингтоне
Здание Капитолия в Вашингтоне  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2023
Обуна шудан
Қаблан чунин пешниҳод садо дод. ки бояд кумакҳои молие. ки барои Украина бояд ироа шаванд, фавран ба Исроил дода шаванд. Ин пешниҳод ҳам чанд ҷонибдорӣ нашуд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҷумҳурихоҳон дар Конгресси ИМА аз пешниҳоди муттаҳид кардани кумакҳои молӣ ба Украина ва Исроил интиқод карданд, хабар медиҳад REN-TV бо истинод ба шабакаи телевизионии NBC.
Ба иттилои манбаъ, қонунгузорони ҷумҳурихоҳ ба ин сенария вокуниши бад нишон доданд.
Аз ҷумла вакили Маҷлиси намояндагон Майкл Бурҷесс даъват кард, ки нахуст аз Исроил пуштибонӣ карда, ҳамзамон баррасии кумак ба Украинаро идома диҳад.
Горящие автомобили в Ашкелоне в результате атаки Палестины 7 октября 2023 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2023
ИМА изҳороти ғайричашмдошт дар бораи Исроил ва Украина дод
Аъзои конгресс Марджори Тейлор Грин қайд кард, ки ин масъалаҳо бояд алоҳида муҳокима шаванд. Ин ташаббусро узви конгресс Брайан Маст дастгирӣ кард, аммо ба назари ӯ, дигар бояд аз Украина пуштибонӣ накард ва баръакс тамоми кумакҳо ба Исроил равона шаванд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Иёлоти Муттаҳида имкони якҷоя кардани кумак ба Исроил ва Украинаро баррасӣ мекунад, то Конгресс ҳарду ташаббусро тасдиқ кунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ҷош Ҳовлӣ. сенатори амрикоӣ изҳор дошт, ки " тамоми маблағҳо барои Украина бояд фавран ба Исроил равона шаванд".
Сиёсатмадор инчунин қайд кард, ки Исроил бо таҳдиди мавҷудият дучор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0