https://sputnik.tj/20231011/id-mehrgon-dushanbe-tajlil-1059905372.html
Аз намоиши ғизо то консерт: барномаи таҷлили Меҳргон дар Душанбе маълум шуд
Аз намоиши ғизо то консерт: барномаи таҷлили Меҳргон дар Душанбе маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон, ки онро ҷашни бардошти ҳосил, фаровонӣ ва дӯстиву ваҳдат ҳам меноманд бо шукӯҳ таҷлил мегардад
2023-10-11T17:01+0500
2023-10-11T17:01+0500
2023-10-11T17:01+0500
дар тоҷикистон
меҳргон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102087/54/1020875462_0:208:2997:1893_1920x0_80_0_0_21773180a4d9d25fcc14a3e029095d69.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Рӯзи 15 октябр дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад, хабар медиҳад Вазорати кишоварзӣ.Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ ба муносибати Меҳргон фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, намоиш ва фурӯши асал, шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад.Ҳамчунин барномаи фарҳангию фароғатӣ низ дар ин боғ аз соати 9:00 оғоз мегардад.Манбаъ меафзояд, дар саҳни ҷашнгоҳ деҳқонон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада, дастранҷи худро бо нархи нисбатан арзон ба сокинону меҳмонони шаҳр пешниҳод мекунанд.Илова бар ин, кадбонуҳо лазизтарин ғизои миллиро омода мекунанд ва ҳунармандони мардумӣ осори дасти худро пешкаши ом мекуннад.Маврид ба зикр аст, ки Меҳргон рамзи унсурҳои неки маънавию фарҳанги бостонии мардумони эронитабор ба шумор рафта, бар асоси манобеи таърихӣ, бунёдгузории ин ҷашн шоҳи пешдодӣ – Фаридун хонда мешавад мешавад. Бар асоси таҳқиқотҳои таърихӣ он камобеш 4 ҳазор сол торих дорад.Меҳргон бар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 расман дар саросари кишвар ҷашн мегиранд.
https://sputnik.tj/20230928/mohi-oktyabr-tojikistoniyon-taqvim-1059664440.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102087/54/1020875462_0:0:2667:2000_1920x0_80_0_0_c96e7368fa00ffa67a9609ffbc3da416.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе меҳргон
Аз намоиши ғизо то консерт: барномаи таҷлили Меҳргон дар Душанбе маълум шуд
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон, ки онро ҷашни бардошти ҳосил, фаровонӣ ва дӯстиву ваҳдат ҳам меноманд бо шукӯҳ таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Рӯзи 15 октябр дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад, хабар медиҳад Вазорати кишоварзӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ ба муносибати Меҳргон фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, намоиш ва фурӯши асал, шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад.
Ҳамчунин барномаи фарҳангию фароғатӣ низ дар ин боғ аз соати 9:00 оғоз мегардад.
Манбаъ меафзояд, дар саҳни ҷашнгоҳ деҳқонон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада, дастранҷи худро бо нархи нисбатан арзон ба сокинону меҳмонони шаҳр пешниҳод мекунанд.
Илова бар ин, кадбонуҳо лазизтарин ғизои миллиро омода мекунанд ва ҳунармандони мардумӣ осори дасти худро пешкаши ом мекуннад.
Маврид ба зикр аст, ки Меҳргон рамзи унсурҳои неки маънавию фарҳанги бостонии мардумони эронитабор ба шумор рафта, бар асоси манобеи таърихӣ, бунёдгузории ин ҷашн шоҳи пешдодӣ – Фаридун хонда мешавад мешавад. Бар асоси таҳқиқотҳои таърихӣ он камобеш 4 ҳазор сол торих дорад.
Меҳргон бар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 расман дар саросари кишвар ҷашн мегиранд.