Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

41 ҳавопаймои бесарнишини украинӣ ва чаҳор снаряди HIMARS дар як рӯз нобуд шуд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкАмериканские ракеты Patriot размещены в Польше
Американские ракеты Patriot размещены в Польше - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2023
Обуна шудан
Вазорати мудофъ аз пешравии артиши Русия хабар дода, изҳор дошт, ки дар як рӯз системаи дифои ҳавоӣ теъдоди зиёди муҳимоти ҷангии Украинаро нобуд карданд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Системаи дифои ҳавоии Русия давоми 24 соати ахир 41 ҳавопаймои бесарнишини украинӣ, чаҳор снаряди HIMARS, ҳафт мушаки зиддирадарии HARM ва се бомбаи идорашавандаи JDAM-ро нобуд карданд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
"Дар давоми рӯз системаҳои дифои ҳавоӣ се бомбаи идорашавандаи JDAM, ҳафт мушаки зидди радарии HARM ва чаҳор системаи мушакии чандкаратаи HIMARS-и сохти амрикоиро боздоштанд", - гуфта мешавад дар изҳоротт Вазорат.
Илова бар ин, дар давоми рӯз нерӯҳои дифои ҳавоии Русия 41 ҳавопаймои бесарнишини украиниро дар вилоятҳои ҶМД, ҶМЛ, Запороже ва Херсон ҳадаф гирифта нобуд сохтанд.
Боевая подготовка подразделений ВДВ на полигоне в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зарбаи артиши Русия ба минтақаи Роботино ва Вербовое дар Украина
Илова бар ин, Вазорати дифо хабар дод, ки низомиёни Русия дар фурудгоҳи Долгинтсево дар вилояти Днепропетровск як ҳавопаймои ҳамлавари Су-25-и Украинаро аз кор бароварданд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти вижа 488 ҳавопаймои низомии Украина, 250 чархбол, 7 709 ҳавопаймои бесарнишин, 441 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 12 496 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ набуд карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0