Даҳҳо филм дар нахустин ҷашнвораи байналмилалии синамо дар Душанбе намоиш дода мешаванд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкКресла в зрительном зале театра, архивное фото
Кресла в зрительном зале театра, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2023
Обуна шудан
Аз давлатҳои гуногун барои иштирок дар озмунҳои нахустин синамоҷашнвораи байналмилалӣ дар Душанбе зиёда аз 200 дархост ворид гардидаааст
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Комиссияи нахустин синамоҷашни "Тоҷи Сомон" ҳудуди 75 филми комилу кӯтоҳро пешниҳоди ҳакамони байналмилалӣ хоҳад кард.
Ба иттилои "Тоҷикфилм", ин миқдор аз миёни беш аз 200 дархост интихоб гардидааст, ки барои иштирок дар ҷашнвораи "Тоҷи Сомон" ворид шуданд. Баргузории ҷашнвора аз 15 то 19 октябр дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Роҳбарии Кумитаи тадорукоти ҷашнвораро, ноиби сарвазири Тоҷикистон, Матлубахон Сатториён ба уҳда дорад. Вай аз масъулини тамоми сохторҳои марбута барои дар сатҳи баланд доир намудани Синамоҷашнвора мусоидат намоянд.
Место строительства Национального театра РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Вазири фарҳанг замони анҷоми сохтмони Театри миллии Тоҷикистонро гуфт
Ин чорабинӣ соҳиби нишон, рамз ва "Шоҳҷоиза"-и худ мебошад. "Шоҳҷоиза" дар шакли ҳайкали Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон интихоб гардида, бо сифати баланд омода мешавад.
Нахустин Синамоҷашни байналмилалии Душанбе – "Тоҷи Сомон" бо иштироки синамогарони дохилию хориҷӣ таҳти унвони "Таърихи рушди тоҷикон" мегузарад.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷӯҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0