Нерӯҳои посдори сулҳи Тоҷикистон дар доираи машқҳои СПАД гаравгонгирифтагонро озод карданд

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи РусияМиротворцы ОДКБ продолжают учения "Нерушимое братство-2023" в Кыргызстане
Миротворцы ОДКБ продолжают учения Нерушимое братство-2023 в Кыргызстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2023
Обуна шудан
Нерӯҳои дастаҷамъии посдорони сулҳ дар гузаргоҳҳо машқҳои низомиро дар ҳамроҳи кардани корвонҳо ва борҳо ва озод кардани маҳаллаҳои аҳолинишин анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Қирғизистон тамринҳои низомии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) "Бародарии осебнопазир - 2023" идома доранд.
"Нерӯҳои дастаҷамъии посдорони сулҳ дар якҷоягӣ бо воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар гузаргоҳҳо супоришҳои омодагии ҷангӣ, ҳамроҳии корвонҳо ва борҳо, озод кардани маҳаллаи аҳолинишин, "гаравгонгирифтаҳо" ва расонидани кӯмаки башардӯстонаро анҷом медиҳад", - хабар медиҳад Вазорати дифои Беларус.
Қаблан низомиёни Русия, Қазоқистон, Белорус ва Тоҷикистон вориди ин кишвар шуда буданд.
Ҳамчунин, дар тамринҳои муштарак гурӯҳҳои оперативии ситоди муштарак ва котиботи СПАД ширкат дорад.
В Кыргызскую Республику для участия в совместном учении с Коллективными Миротворческими силами государств-членов ОДКБ Нерушимое братство-2023 прибыл воинский контингент Вооруженных Сил Республики Таджикиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2023
Низомиёни тоҷикро дар Қирғизистон бо нону намак пешвоз гирифтанд - акс
Машқҳо дар тамрингоҳи "Эделвейс", воқеъ дар соҳили Иссиқкӯл ҷараён доранд, рӯзи душанбеи 8 октябр маросими ифтитоҳи марҳилаи фаъоли тамриноти муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СПАД "Бародарони осебнопазир - 2023" баргузор шуд.
Ин машқҳо аз 9 то 13 октябр давом хоҳанд кард.
Дар ин тамринот дар маҷмӯъ ҳудуди 1500 нафар низомиён, беш аз 200 воҳид техникаи вижа, зиреҳпӯш ва мошинҳои низомӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва тӯп, паҳпод ва қаиқҳои ҷангӣ ҷалб карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0