https://sputnik.tj/20231010/muntakhab-tojikiston-bozigaroni-malayziya-1059886154.html
Мунтахаби Тоҷикистон бо бозигарони нав ба Малайзия рафт
Мунтахаби Тоҷикистон бо бозигарони нав ба Малайзия рафт
Sputnik Тоҷикистон
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол дар ҳайати 23 бозигар, ки бархеяшон тоза ба даста роҳ ёфтанд, озими Малайзия гардиданд
2023-10-10T16:33+0500
2023-10-10T16:33+0500
2023-10-10T16:33+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
мунтахаб
малайзия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051617628_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_2005d36d456c721112d4259047d6bfda.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Мердека-2023" иштирок мекунад. Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки аллакай тим барои иштирок дар ин мусобиқа дар Малайзия қарор дорад. Ситоди мурабиён ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро интихоб кардаанд. Дар миёни ҳайати тим 4 бозигари мунтахаби олимпии мамлакат (U-23) бори нахуст ба мунтахаб даъват шудаанд. Дар феҳрасти чаҳоргонаи ҷадид аз ҷумла дарвозабон Сӯҳробхуҷа Юсупов аз тими КМВА, ҳимоятгар Фахриддин Аҳтамов аз дастаи "Хуҷанд", нимҳимоятгарон Руслан Хайлоев аз тими "Тюмен"-и Русия ва Алишер Шукуров аз дастаи "Куктош" мебошанд.Инчунин ҳимоятгарони дастаи мунтахаби наврасони то 17-сола, Диловар Ҷамшедзода ва Баракатулло Нигматуллозода, ки дар "Барқчӣ"-и Ҳисор бозӣ менамоянд, ба мунтахаби миллии Тоҷикистон даъват гардидаанд. Бисёре аз бозигарони тими мунтахаб, ки дар дастаи "Истиқлол" бозӣ мекунанд, натавонистаанд ба Малайзия раванд, чун тими Душанбе ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 омодагӣ дорад. Дар мусобиқаи "Ҷоми Мердека-2023" дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 октябр бо тими миллии Фаластин бозӣ менамояд. Дар рақобати дигари даври нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Ҳиндустон вомехӯранд ва ғолибони ин давр 17 октябр бо ҳам зӯр меозмоянд.
https://sputnik.tj/20231010/piruzi-futzalbozon-tojik-falastin-1059876071.html
малайзия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051617628_167:0:1405:929_1920x0_80_0_0_c60617671440428fa7ec38531775f226.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тим, тоҷикистон, мунтахаб, даста, футбол
тим, тоҷикистон, мунтахаб, даста, футбол
Мунтахаби Тоҷикистон бо бозигарони нав ба Малайзия рафт
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол дар ҳайати 23 бозигар, ки бархеяшон тоза ба даста роҳ ёфтанд, озими Малайзия гардиданд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Мердека-2023" иштирок мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки аллакай тим барои иштирок дар ин мусобиқа дар Малайзия қарор дорад.
Ситоди мурабиён ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро интихоб кардаанд.
Дар миёни ҳайати тим 4 бозигари мунтахаби олимпии мамлакат (U-23) бори нахуст ба мунтахаб даъват шудаанд.
Дар феҳрасти чаҳоргонаи ҷадид аз ҷумла дарвозабон Сӯҳробхуҷа Юсупов аз тими КМВА, ҳимоятгар Фахриддин Аҳтамов аз дастаи "Хуҷанд", нимҳимоятгарон Руслан Хайлоев аз тими "Тюмен"-и Русия ва Алишер Шукуров аз дастаи "Куктош" мебошанд.
Инчунин ҳимоятгарони дастаи мунтахаби наврасони то 17-сола, Диловар Ҷамшедзода ва Баракатулло Нигматуллозода, ки дар "Барқчӣ"-и Ҳисор бозӣ менамоянд, ба мунтахаби миллии Тоҷикистон даъват гардидаанд.
Бисёре аз бозигарони тими мунтахаб, ки дар дастаи "Истиқлол" бозӣ мекунанд, натавонистаанд ба Малайзия раванд, чун тими Душанбе ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 омодагӣ дорад.
Дар мусобиқаи "Ҷоми Мердека-2023" дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 октябр бо тими миллии Фаластин бозӣ менамояд. Дар рақобати дигари даври нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Ҳиндустон вомехӯранд ва ғолибони ин давр 17 октябр бо ҳам зӯр меозмоянд.