https://sputnik.tj/20231009/vukh-tojikiston-mardum-afghoniston-ghamsharik-hamdard-1059855729.html
ВУХ: Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст
ВУХ: Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони кушташудагон тасаллият баён намуда, ба осебдидагони ин офати табиӣ шифои комил таманно кард
2023-10-09T11:13+0500
2023-10-09T11:13+0500
2023-10-09T11:13+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вух-и тоҷикистон
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049459139_0:220:3072:1948_1920x0_80_0_0_9589fddcaeccea5614c3c19f55af8780.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон заминҷунбии Афғонистонро, ки боиси марги даҳҳо нафар гардид, тасаллият гуфт.Дар номаи тасаллияти ин ниҳод омадааст, ки "мардуми Тоҷикистон аз заминҷунбии шадид дар Афғонистон, ки боиси марги зиёди одамон ва харобиҳо гардид, сахт андӯҳгин буда, ба мардуми ин кишвар ҳамдардӣ менамояд".Дар идома омадааст, ки дар ин лаҳзаҳои фоҷиабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст.Вазорати умури хориҷӣ ба пайвандони кулли кушташудагон ҳамдардӣ баён намуда, ба осебдидагони ин офати даҳшатбор шифои комилу оҷил хост.Ёдовар мешавем, рӯзи 7 октябр Афғонистонро, аниқтараш музофоти Ҳиротро се заминҷунбии қавӣ такон дод, ки дар натиҷа беш аз ду ҳазор нафар қурбони ин офати даҳшатбор гардиданд.Тибқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии аврупо ва Баҳри Миёназамин шиддати заминҷунбиҳо ба 6.1,6.2 ва 5,6 дараҷа юаробар буд.Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва дигар инфрасохтор хароб гардид.Илова бар ин, шумораи зиёди одамон беному нишон буда, ҷустуҷӯи онҳо ҳамоно идома дорад.Бар асари заминларза ҳамчунин нафарони зиёд бенишон гашта, шумораи осебдидагон ба пуррагӣ муайян карда нашудааст.
https://sputnik.tj/20231008/zaminjunbii-purqurboni-shumor-qurboniyon-zilzila-du-hazor-nafar-1059849779.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049459139_313:0:3044:2048_1920x0_80_0_0_df26997ddc0cc624173ad1fdfc511c95.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
тоҷикистон афғонистон заминҷунбӣ
тоҷикистон афғонистон заминҷунбӣ
ВУХ: Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони кушташудагон тасаллият баён намуда, ба осебдидагони ин офати табиӣ шифои комил таманно кард
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон заминҷунбии Афғонистонро, ки боиси марги даҳҳо нафар гардид, тасаллият гуфт.
Дар номаи тасаллияти ин ниҳод омадааст, ки "мардуми Тоҷикистон аз заминҷунбии шадид дар Афғонистон, ки боиси марги зиёди одамон ва харобиҳо гардид, сахт андӯҳгин буда, ба мардуми ин кишвар ҳамдардӣ менамояд".
Дар идома омадааст, ки дар ин лаҳзаҳои фоҷиабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст.
Вазорати умури хориҷӣ ба пайвандони кулли кушташудагон ҳамдардӣ баён намуда, ба осебдидагони ин офати даҳшатбор шифои комилу оҷил хост.
Ёдовар мешавем, рӯзи 7 октябр Афғонистонро, аниқтараш музофоти Ҳиротро се заминҷунбии қавӣ такон дод, ки дар натиҷа беш аз ду ҳазор нафар қурбони ин офати даҳшатбор гардиданд.
Тибқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии аврупо ва Баҳри Миёназамин шиддати заминҷунбиҳо ба 6.1,6.2 ва 5,6 дараҷа юаробар буд.
Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва дигар инфрасохтор хароб гардид.
Илова бар ин, шумораи зиёди одамон беному нишон буда, ҷустуҷӯи онҳо ҳамоно идома дорад.
Бар асари заминларза ҳамчунин нафарони зиёд бенишон гашта, шумораи осебдидагон ба пуррагӣ муайян карда нашудааст.