Тавлиди маҳсулоти чорво дар ИИАО афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузариш ба медиабонкПтицефабрика
Птицефабрика  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Обуна шудан
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё натиҷаҳои ҳаштмоҳаи истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар кишварҳои узви созмонро ҷамъбаст карда, бурду бохтро эълон дошт
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё истеҳсоли маҳсулоти чорво ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар феҳрасти маҳсулоте, ки истеҳсолашон афзоиш ёфтааст, аз ҷумла шир, тухм, чорво ва мурғ барои забҳ афзуд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ чорво мурғ барои забҳ бо вазни зинда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2,3% афзоиш ёфтааст.
Тавлидоти шир дар ҳаштмоҳа ба андозаи 3% ва тухм 1,4% бештар истеҳсол гардидааст.
Флаги ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2023
Ҳаҷми молҳои тақаллубӣ дар қаламрави кишварҳҳои узви ИИАО ду маротиба коҳиш ёфт
Дар баробари ин бархе аз маҳсулоти хоҷагии қишлоқ тайи ин муддат, аз ҷумла зироатҳои кишоварзӣ нисбатан камтар ҷамъоварӣ шудаанд.
назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3% зиёд шир истеҳсол карда шуд. Зимнан, истеҳсоли чорво ва мурғ барои гӯшт 2,3% бештар шудааст.
Ҷамъоварии ғалла ба ҳолати аввали сентябр танҳо дар Арманистон майли афзоиш дошта, нисбати ҳамин давраи солил гузашта 21% афзоиш ёфтааст. Аммо дар Белорус ҷамъоварии ин навъи ҳосил 21%, Қирғизистон - 40% ва Русия беш аз 12% коҳиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0