https://sputnik.tj/20231009/markazi-barq-garmidihi-dushanbe-angisht-zakhira-1059864527.html
"Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и Душанбе 1,1 млн. тонна ангишт захира мекунад
"Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и Душанбе 1,1 млн. тонна ангишт захира мекунад
Sputnik Тоҷикистон
"Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и ҶСК "Барқи Тоҷик" барои гузаронидани фасли зимистон дар ҳаҷми 1,1 млн тонна ангишт захира менамояд
2023-10-09T16:29+0500
2023-10-09T16:29+0500
2023-10-09T16:29+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
ангишт
захира
маркази барқию ҳароратии душанбе-2
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/14/1052279504_0:147:3379:2048_1920x0_80_0_0_cb21bd8ff1e176abb84cbb50ce7e58f5.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Бо мақсади бо гармӣ таъмин намудани аҳолии пойтахт захираи ангишт барои эҳтиёҷоти филиали "Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и ҶСК "Барқи Тоҷик" дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар ҳаҷми 1,1 млн тонна муайян шудааст, иттилоъ додааст АМИТ "Ховар".Қайд карда шудааст, ки бо мақсади таъмини талаботи "Маркази барқу гармидиҳӣ-2 бо ангишт дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 кашонидан ва захираи ангишт идома дорад.Захираи умумии ангишт то 1 октябри соли равон 852 ҳазор тонна ё 77,4 фоизро ташкил медиҳад.Ҳамзамон барои таъмини эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳӣ дар маҷмуъ 19,7 ҳазор тонна мазути камсулфур баробар ба 65,7 фоизи нақша захира шудааст.Бо қарори мазкур ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо дар самти омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст.Қайд карда шудааст, ки роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аъзои он мебошанд.Ба иттилои манбаъ ҳоло ин ситод барои таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қарори мазкур фаъолияти амалӣ мебарад.
https://sputnik.tj/20230504/tojikiston-shirkat-qazoqiston-shirkat-istikhroj-angisht-davat-1056867231.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/14/1052279504_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d23409c9eccab655e03176a31698a488.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, мбг-2, захира, ангишт, энергетиқа, барқ
тоҷикистон, душанбе, мбг-2, захира, ангишт, энергетиқа, барқ
"Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и Душанбе 1,1 млн. тонна ангишт захира мекунад
"Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и ҶСК "Барқи Тоҷик" барои гузаронидани фасли зимистон дар ҳаҷми 1,1 млн тонна ангишт захира менамояд
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Бо мақсади бо гармӣ таъмин намудани аҳолии пойтахт захираи ангишт барои эҳтиёҷоти филиали "Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и ҶСК "Барқи Тоҷик" дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар ҳаҷми 1,1 млн тонна муайян шудааст, иттилоъ додааст АМИТ "Ховар".
Қайд карда шудааст, ки бо мақсади таъмини талаботи "Маркази барқу гармидиҳӣ-2 бо ангишт дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 кашонидан ва захираи ангишт идома дорад.
Захираи умумии ангишт то 1 октябри соли равон 852 ҳазор тонна ё 77,4 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон барои таъмини эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳӣ дар маҷмуъ 19,7 ҳазор тонна мазути камсулфур баробар ба 65,7 фоизи нақша захира шудааст.
Бо қарори мазкур ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо дар самти омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст.
Қайд карда шудааст, ки роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аъзои он мебошанд.
Ба иттилои манбаъ ҳоло ин ситод барои таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қарори мазкур фаъолияти амалӣ мебарад.