Макони Бозиҳои нави Осиё маълум шуд

© NATIONAL OLYMPIC COMMITTEE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTANАзиатские игры-2018: в олимпийской деревне подняли флаг Таджикистана
Азиатские игры-2018: в олимпийской деревне подняли флаг Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Обуна шудан
Дар пайи ҷамъбасти 19-умин Бозиҳои Осиё дар шаҳри Ҳангжоуи Чин парчами Шӯрои олимпии Осиё ба раисони ду шаҳри мизбон дар Ҷопон супорида шуд
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Бозиҳои 20-уми Осиё соли 2026 дар шаҳрҳои Айичи ва Нагаяи Ҷопон баргузор мешавад, иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи ҷамъбасти 19-умин Бозиҳои Осиё дар шаҳри Ҳангжоуи Чин парчами Шӯрои олимпии Осиё ба раисони ду шаҳри мизбон дар Ҷопон супорида шуд.
Бозиҳои 19-уми Осиё бояд соли 2022 баргузор мегардиданд, аммо ба далели паёмадҳои пандемияи коронавирус ба соли 2023 гузаронда шуданд.
Тоҷикистон 19-умин Бозиҳои Осиё дар Чинро бо 7 медал ҷамъбаст намуда, дар радабандии умумии кишварҳои қора дар зинаи 24-ум қарор гирифт.
Мунтахаби тоҷикистон оид ба футзал баъди ғолибият бо тими Қувайт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2023
Мунтахаби футзали Тоҷикистон дастаи Ҳиндустонро дар Ҷоми Осиё -2024 шикаст дод
Аз ҷумла ду нишони Тоҷикистон дар риштаи бокс ба даст оварда шуданд. Якеашро бонуи муштзани тоҷик Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило ба даст овард, ки ба сандуқи варзишии кишвар нишони биринҷӣ ворид кард.
Муштзани дигари тоҷик, Давлат Болтаев барандаи нишони тилои 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу дар вазни то 92 кило шуд.
Нахустин нишони тилоро аз ин мусобиқа ҷудокор Сомон Маҳмадбеков ба даст овард. Темур Раҳимов дар вазни зиёда аз 100 кило нишони нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило нишони биринҷӣ гирифта буданд.
Паҳлавонони тоҷик Ҳақназар Назаров ва Хайрандеш Муродзода дар риштаи кураш медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Лентаи хабарҳо
0