Ҳамадону Бухоро бародаршаҳр шуданд

CC BY-SA 4.0 / LBM1948 / Медресе Мири-Араб; Ансамбль По-и-Калян. Бухара, Узбекистан
Медресе Мири-Араб; Ансамбль По-и-Калян. Бухара, Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2023
Обуна шудан
Бародархондагии шаҳрҳои Ҳамадони Эрон ва Бухорои Ӯзбекистон бо ҳадафи афзоиши таомулоту табодулоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тафоҳумномаи бародархондагӣ миёни шаҳрҳои Ҳамадони Эрон ва Бухорои Ӯзбекистон ба манзури иртиқои таомулоти фарҳангиву иқтисодӣ имзо шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Устондори Ҳамадони Эрон Алиризо Қосимии Фарзод гуфт, бародархондагии шаҳрҳои Ҳамадону Бухоро бо ҳадафи афзоиши таомулоту табодулоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ ба имзои вузарои умури хориҷаи Эрон ва Ӯзбекистон расид.
Устондори Ҳамадони Эрон қайд кардааст, ки ин тафоҳумнома бо эъзоми ҳайатҳои тиҷории тарафайн ба зудӣ иҷро хоҳад шуд ва бидуни шак дар барқарории муносибот миёни ду тараф дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла бозаргонӣ, гардишгарӣ ва мабоҳиси фарҳангӣ муассир воқеъ хоҳад шуд.
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Душанбе ва Боку бародаршаҳр шуданд
Ҳамадон яке аз мақсадҳои муҳими гардишгарӣ дар ғарби Эрон аст.
Ин устони таърихиву тамаддунии Эрон бо ҷозибаҳои мутанаввеи гардишгарӣ ва тавлидкунандаи саноеъи дастии фохире монанди суфоли Лолаҷин ва мунаббати Малойир, шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0