https://sputnik.tj/20231008/etiyod-million-zanon-kudakon--afghoniston-mavodi-mukhaddir-1059852789.html
Эътиёди беш аз як миллион занону кӯдакон дар Афғонистон ба маводи мухаддир
Эътиёди беш аз як миллион занону кӯдакон дар Афғонистон ба маводи мухаддир
Намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон мегӯяд байни панҷ то ҳашт миллион аз ҷамъияти ин кишвар аз эътиёд ба маводи мухаддир ранҷ мебаранд
2023-10-08T20:01+0500
2023-10-08T20:01+0500
2023-10-08T20:01+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
маводи мухаддир
мӯътодон
занон
кӯдакон
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/85/1027178524_0:115:2847:1716_1920x0_80_0_0_624a1cdaba540a8052e18ad8d72fcd2e.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар асоси оморе, ки намояндаи вижаи дабири Созмони милал эълом кардааст, байни панҷ то ҳашт миллион муътод дар Афғонистон вуҷӯд дорад, ки аз ин миёни ҳудуди як миллион нафар шомили кӯдакон ва занон мешаванд, иттилоъ додааст "Радио дарӣ". Раиси дафтари ҳайати муовинати СММ дар Афғонистон дар мусоҳиба бо бахши хабарии Созмон милал гуфт, ки байни панҷ то ҳашт миллион аз ҷамъияти Афғонистон аз эътиёд ба маводи мухаддир ранҷ мебаранд.Намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон, зимни ишора ба ин ки як милион нафар аз ин афроди занон ва кӯдакон ҳастанд, таъкид кард ки фақр ва адами дастрасӣ ба равишҳои дармонӣ, аз авомили аслии эътиёд ба маводи мухаддир дар байни афғонҳо аст.Вай тавзеҳ дод ки дастаи бузургӣ аз муътодонро фаршбофони зан ташкил медиҳанд.Фаршбофон барои ин ки камтар бихобанд ва аз якнавохтӣ ва хастакунанда будани ин кор фирор кунанд, ба истифода аз маводи мухаддир рӯй меоваранд.Ҳамчунин мардон низ аз тирёк ба унвони муҳаррик истифода мекунанд то бадан битавонад як рӯзи кории тӯлониро таҳаммул кунад ва ин гӯнаи онҳо ба тадриҷ ба маводи мухаддир муътод мешаванд.Ба гуфта намояндаи вижаи дабири СММ дар Афғонистон, камбӯди дорӯ далели дигари истифода аз маводи мухаддир ба хусуси тирёк, барои дармонҳои суннатӣ аст, ки ба мурури табдил ба эътиёд мешавад.
https://sputnik.tj/20230928/muttaqi-mushkil-jahon-amniyat-mavodi-mukhaddir-1059663230.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/85/1027178524_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_35b98522c8a530cc9d417828b3e30704.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
афғонистон, занон, кӯдакон, эътиёд, маводи мухаддир, смм, миллион
афғонистон, занон, кӯдакон, эътиёд, маводи мухаддир, смм, миллион
Эътиёди беш аз як миллион занону кӯдакон дар Афғонистон ба маводи мухаддир
Намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон мегӯяд байни панҷ то ҳашт миллион аз ҷамъияти Афғонистон аз эътиёд ба маводи мухаддир ранҷ мебаранд
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар асоси оморе, ки намояндаи вижаи дабири Созмони милал эълом кардааст, байни панҷ то ҳашт миллион муътод дар Афғонистон вуҷӯд дорад, ки аз ин миёни ҳудуди як миллион нафар шомили кӯдакон ва занон мешаванд, иттилоъ додааст "Радио дарӣ".
Раиси дафтари ҳайати муовинати СММ дар Афғонистон дар мусоҳиба бо бахши хабарии Созмон милал гуфт, ки байни панҷ то ҳашт миллион аз ҷамъияти Афғонистон аз эътиёд ба маводи мухаддир ранҷ мебаранд.
Намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон, зимни ишора ба ин ки як милион нафар аз ин афроди занон ва кӯдакон ҳастанд, таъкид кард ки фақр ва адами дастрасӣ ба равишҳои дармонӣ, аз авомили аслии эътиёд ба маводи мухаддир дар байни афғонҳо аст.
Вай тавзеҳ дод ки дастаи бузургӣ аз муътодонро фаршбофони зан ташкил медиҳанд.
Фаршбофон барои ин ки камтар бихобанд ва аз якнавохтӣ ва хастакунанда будани ин кор фирор кунанд, ба истифода аз маводи мухаддир рӯй меоваранд.
Ҳамчунин мардон низ аз тирёк ба унвони муҳаррик истифода мекунанд то бадан битавонад як рӯзи кории тӯлониро таҳаммул кунад ва ин гӯнаи онҳо ба тадриҷ ба маводи мухаддир муътод мешаванд.
Ба гуфта намояндаи вижаи дабири СММ дар Афғонистон, камбӯди дорӯ далели дигари истифода аз маводи мухаддир ба хусуси тирёк, барои дармонҳои суннатӣ аст, ки ба мурури табдил ба эътиёд мешавад.