https://sputnik.tj/20231007/uzbekiston-moshin-raqamho-tojikiston-heroin-daryoft-1059836985.html
Дар Ӯзбекистон аз дохили як мошин бо рақами Тоҷикистон ҳероин дарёфт шуд
Дар Ӯзбекистон аз дохили як мошин бо рақами Тоҷикистон ҳероин дарёфт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод, ки 36 баста бо маводи мухаддир дар қисмати поёнии мошин пинҳон карда шудааст
2023-10-07T15:17+0500
2023-10-07T15:17+0500
2023-10-07T15:17+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
маводи мухаддир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102454/17/1024541781_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_22bcdc24e4a0dfe54d324ee76fdd8ee4.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар гузаргоҳи Ялламаи вилояти Тошканд, дар марзи Ӯзбекистон ва Қазоқистон аз як микроавтобус маводи мухаддир дарёфт гардид.Дар ин бора Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, мошин рақамҳои давлатии Тоҷикистон дошт. Аз дохили он 20 кг маводи мухаддири навъи ҳероин дарёфту мусодира гардид.Манбаъ меафзояд, тибқи ҳуҷҷатҳо ин мошини бидуни бор ҳаракат мекард, вале зимни тафтиши мошин аз қисмати поёнӣ 36 халта дарёфт шуд, ки ҳамаи онро бо лента печонида пинҳон кардаанд.Ин ниҳод афзуд, ки дар робита ба дарёфти мухаддир феълан мақомотҳои марбута тафтишот мегузаронанд.Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои Тоҷикистон ин қазияро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки чӣ гуна ин мошин бо рақами давлатии Тоҷикистон ҳаракат мекард ва бори дар дохили онбуда ба кӣ тааллуқ дорад.
https://sputnik.tj/20230929/dushanbe-nigaroni-afghoniston-bayon-1059693866.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102454/17/1024541781_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_08342680d2d7837da6115db0a9da74cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон тоҷикистон маводи мухаддир
ӯзбекистон тоҷикистон маводи мухаддир
Дар Ӯзбекистон аз дохили як мошин бо рақами Тоҷикистон ҳероин дарёфт шуд
Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод, ки 36 баста бо маводи мухаддир дар қисмати поёнии мошин пинҳон карда шудааст
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар гузаргоҳи Ялламаи вилояти Тошканд, дар марзи Ӯзбекистон ва Қазоқистон аз як микроавтобус маводи мухаддир дарёфт гардид.
Дар ин бора Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мошин рақамҳои давлатии Тоҷикистон дошт. Аз дохили он 20 кг маводи мухаддири навъи ҳероин дарёфту мусодира гардид.
Манбаъ меафзояд, тибқи ҳуҷҷатҳо ин мошини бидуни бор ҳаракат мекард, вале зимни тафтиши мошин аз қисмати поёнӣ 36 халта дарёфт шуд, ки ҳамаи онро бо лента печонида пинҳон кардаанд.
"Дохили халтаҳо хокаи дорои бӯйи тунд буд ва пасон маълум шуд, он маводи мухаддири навъи ҳероин мебошад", - омадааст дар хабарномаи Кумита.
Ин ниҳод афзуд, ки дар робита ба дарёфти мухаддир феълан мақомотҳои марбута тафтишот мегузаронанд.
Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои Тоҷикистон ин қазияро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки чӣ гуна ин мошин бо рақами давлатии Тоҷикистон ҳаракат мекард ва бори дар дохили онбуда ба кӣ тааллуқ дорад.