Ояндаи муштарак: Ба Тоҷикистон барои ҳифзи ягонагӣ бо ИДМ чӣ кумак мекунад

© Фото : Посольство России в ТаджикистанеЧто Таджикистану помогает сохранить единство с СНГ?
Что Таджикистану помогает сохранить единство с СНГ? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2023
Обуна шудан
Сафири Русия дар Тоҷикистон таъкид кард, ки соли 2023 дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд Соли забони русӣ ҳамчун забони муошират байни миллатҳо эълон шудааст
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ба Тоҷикистон барои ҳифзи ягонагӣ бо ИДМ чӣ кӯмак мекунад?
Ин мавзуъро дар конфронси байналмилалии илмӣ - амалии "Таълими бисёрфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Тоҷикистон" баррасӣ намуданд, иттилоъ додааст сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ба ифтихори оғози тантанавии чорабинӣ ҳамчунин ифтитоҳи бинои нави Академияи таҳсилоти Тоҷикистон сурат гирифт.
Инчунин ба муносибати оғози конфронс сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев суханронӣ кард.
"Дар Тоҷикистон ба рушд ва тарғиби забони русӣ аҳамияти калон дода мешавад, ки ба шарофати он мардуми кишвар бо Русия ва ИДМ робитаи ҷудонашаванда доранд", - таъкид кард ӯ.
Дипломат қайд кард, ки соли 2023 дар ҳудуди Иттиҳод Соли забони русӣ ҳамчун забони муошират байни миллатҳо эълон шудааст.
Почти 800 книг получила сельская школа Вахдатского района Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2023
Ба мактаббачагони Ваҳдат китобҳо бо забони русӣ тақдим шуд
“Ояндаи умумии халқҳои кишварҳоямон асосан бо васеъ истифода бурдани забони русӣ муайян карда мешавад”, - илова кард сафир.
Аз ин пеш дар Норак синфи нави забони русӣ кушода шуда буд.
Гуфта мешавад, ки мактаби рақами 3 ғолиби озмуни Намояндагии башардӯстонаи Русия ва намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон “Ба мактаби ман – синфи нав” гардид.
Лентаи хабарҳо
0