https://sputnik.tj/20231006/saudi-sarmoyaguzori-nerugoh-roghun-1059821095.html
Саудӣ майли сармоягузорӣ ба нерӯгоҳи "Роғун" кардаст
Саудӣ майли сармоягузорӣ ба нерӯгоҳи "Роғун" кардаст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Подшоҳии Арабистони Саудиро яке аз муҳимтарин шарикони Душанбе дар ҷаҳони араб ва ислом арзёбӣ кард
2023-10-06T12:59+0500
2023-10-06T12:59+0500
2023-10-06T13:42+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
рустами эмомалӣ
мулоқот
арабистони саудӣ
нбо "роғун"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/06/1059820153_3:0:794:445_1920x0_80_0_0_f095c47ae7275fa66458b709813423db.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Арабистони Саудӣ омодагияшро барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба Тоҷикистон баён доштаст. Ин нукта дар мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо раиси иҷроияи Фонди саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршад баён шудаст. Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Душанбе омодагии ҷониби Арабистони Саудиро барои сармоягузорӣ ба инфрасохтор, аз ҷумла ба нерӯгоҳи "Роғун" баланд арзёбӣ кардаст. "Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷониби Арабистони Саудиро тавассути Фонди рушд ҷиҳати тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои иштирок дар маблағгузории лоиҳаи стратегии Тоҷикистон неругоҳи барқи обии "Роғун" баланд арзёбӣ менамояд", - омадааст дар иттилоия. Инчунин Рустами Эмомалӣ аз нақши Фонди саудии рушд дар раванди татбиқи лоиҳаҳои рушд ва барномаҳои иҷтимоӣ дар бахшҳои инфрасохтори нақлиёт, тандурустӣ ва маориф дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардааст. Таъкид гардидааст, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз муҳимтарин шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони араб ва ислом ба ҳисоб меравад.Дар мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандияшонро ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе ҳавасмандии хешро баён доштаанд.
https://sputnik.tj/20230720/rahmon-aloqamand-jalbi-sarmoya-kishvarho-khalij-iqtisod-tojikiston-1058363793.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/06/1059820153_102:0:695:445_1920x0_80_0_0_e10233fc335f06f0cda9269e26c3d536.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамкорӣ, душанбе, тоҷикистон, арабистони саудӣ
ҳамкорӣ, душанбе, тоҷикистон, арабистони саудӣ
Саудӣ майли сармоягузорӣ ба нерӯгоҳи "Роғун" кардаст
12:59 06.10.2023 (Навсозишуда: 13:42 06.10.2023) Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Подшоҳии Арабистони Саудиро яке аз муҳимтарин шарикони Душанбе дар ҷаҳони араб ва ислом арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Арабистони Саудӣ омодагияшро барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба Тоҷикистон баён доштаст.
Ин нукта дар мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо раиси иҷроияи Фонди саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршад баён шудаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Душанбе омодагии ҷониби Арабистони Саудиро барои сармоягузорӣ ба инфрасохтор, аз ҷумла ба нерӯгоҳи "Роғун" баланд арзёбӣ кардаст.
"Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷониби Арабистони Саудиро тавассути Фонди рушд ҷиҳати тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои иштирок дар маблағгузории лоиҳаи стратегии Тоҷикистон неругоҳи барқи обии "Роғун" баланд арзёбӣ менамояд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин Рустами Эмомалӣ аз нақши Фонди саудии рушд дар раванди татбиқи лоиҳаҳои рушд ва барномаҳои иҷтимоӣ дар бахшҳои инфрасохтори нақлиёт, тандурустӣ ва маориф дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Таъкид гардидааст, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз муҳимтарин шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони араб ва ислом ба ҳисоб меравад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандияшонро ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе ҳавасмандии хешро баён доштаанд.