https://sputnik.tj/20231006/ablah-odam-noshud-putin-kafkubi-khotiri-nozi-1059811540.html
Ё аблаҳ аст ё одами ношуд: Путин кафкӯбиҳо ба хотири нозӣ дар Канадаро шарҳ дод
Ё аблаҳ аст ё одами ношуд: Путин кафкӯбиҳо ба хотири нозӣ дар Канадаро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия гӯшзад кард, ки роҳбари парлумони Канада зимни муаррифии нозӣ гуфт, ӯ алайҳи русҳо ҷангидаст, пас мантиқан ба ҷонибдории гитлерчиён
2023-10-06T09:41+0500
2023-10-06T09:41+0500
2023-10-06T09:41+0500
дар ҷаҳон
владимир путин
сиёсат
канада
нозӣ
собиқадорон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/19/1059575194_0:38:3072:1765_1920x0_80_0_0_d27c224f4b9102b8b37cf843ebc0e11b.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Роҳбари парлумони Канада, ки нозиро муаррифӣ карду ҳозирин барои ӯ кафкубӣ кардаанд, ё аблаҳест, ки чизҳои одиро аз барномаи мактабӣ намедонад ва ё одами ношуд, агар огоҳона ин корро кардаст. Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владмиир Путин дар шарҳи кафкубии парлумониҳои Канада ба хотири собиқ ҷангии "Галитсия", Ярослав Хунка баён дошт. Путин зикр намуд, ки зимни муаррифӣ раиси парлумони Канада гуфт, ки дар ҷаласа собиқадори украинию канадагӣ ҳузур дорад, ки барои истиқлоли Украина алайҳи русҳо мубориза бурдаст. Ӯ қаҳрамони Украина ва қаҳрамони Канада мебошад, гуфта буд роҳбари парлумон. Раисҷумҳури Русия гуфт, вақте раиси парлумони Канада мегӯяд, ин нозӣ алайҳи русҳо мубориза бурдаст, пас бояд бидонад, ки ӯ дар тарафи Канада дар он замон набудаст, балки дар тарафи гитлерчиён ҷангидаст. Алайҳи русҳо он замон нозиёну пуштибонҳояшон меҷангиданд, хотиррасон кард ӯ. Зикр шуд, ки воҳидеро, ки ин нозӣ дар он хизмат кардааст, на Русия балки додгоҳи байналмилалӣ ҷиноӣ ва масъули қатли оми яҳудиҳо, лаҳистониҳо ва дигарон хондаст. Собиқ ҷангии "Галитсия", Ярослав Хунка, дар ҳошияи сафари президенти Украина, Владимир Зеленский ба Канада, ба парлумони ин кишвар ҳамчун мубориз алайҳи Русия даъват шуда, ҳозирин ба хотири ӯ ба по истода, кафкӯбӣ намуданд.Маврид ба зикр аст, ки трибунали Нюрнберг ҷангиёни дивизияи "Галитсия"-ро дар ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои зидди инсоният гунаҳкор дониста шуданд.Собиқ аскари дивизияи СС "Галитсия" Ярослав Хункаи 98-сола пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба Канада муҳоҷират кард ва зоҳиран дар он ҷо шӯҳрат пайдо кардааст.
https://sputnik.tj/20231005/putin-gharb-dushman-onro-metaroshand-1059809402.html
канада
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/19/1059575194_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_0705e024ef908cefb1efee9f53b08f61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, нозӣ, кафкӯбӣ, шарҳ, русҳо, гитлерчиён
владимир путин, нозӣ, кафкӯбӣ, шарҳ, русҳо, гитлерчиён
Ё аблаҳ аст ё одами ношуд: Путин кафкӯбиҳо ба хотири нозӣ дар Канадаро шарҳ дод
Раисҷумҳури Русия гӯшзад кард, ки роҳбари парлумони Канада зимни муаррифии нозӣ гуфт, ӯ алайҳи русҳо ҷангидаст, пас мантиқан ба ҷонибдории гитлерчиён
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Роҳбари парлумони Канада, ки нозиро муаррифӣ карду ҳозирин барои ӯ кафкубӣ кардаанд, ё аблаҳест, ки чизҳои одиро аз барномаи мактабӣ намедонад ва ё одами ношуд, агар огоҳона ин корро кардаст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владмиир Путин дар шарҳи кафкубии парлумониҳои Канада ба хотири собиқ ҷангии "Галитсия", Ярослав Хунка баён дошт.
Путин зикр намуд, ки зимни муаррифӣ раиси парлумони Канада гуфт, ки дар ҷаласа собиқадори украинию канадагӣ ҳузур дорад, ки барои истиқлоли Украина алайҳи русҳо мубориза бурдаст. Ӯ қаҳрамони Украина ва қаҳрамони Канада мебошад, гуфта буд роҳбари парлумон.
Раисҷумҳури Русия гуфт, вақте раиси парлумони Канада мегӯяд, ин нозӣ алайҳи русҳо мубориза бурдаст, пас бояд бидонад, ки ӯ дар тарафи Канада дар он замон набудаст, балки дар тарафи гитлерчиён ҷангидаст. Алайҳи русҳо он замон нозиёну пуштибонҳояшон меҷангиданд, хотиррасон кард ӯ.
"Агар вай инро надонад, пас аблаҳ аст. Дар мактаб нахондаст, ки чизҳои содаро намедонад? Агар дониста ин гапҳоро гуфтааст, одами ношуд аст. Маҳз бо чунин одамҳо мо кор карда истодаем", - гуфт Путин.
Зикр шуд, ки воҳидеро, ки ин нозӣ дар он хизмат кардааст, на Русия балки додгоҳи байналмилалӣ ҷиноӣ ва масъули қатли оми яҳудиҳо, лаҳистониҳо ва дигарон хондаст.
Собиқ ҷангии "Галитсия", Ярослав Хунка, дар ҳошияи сафари президенти Украина, Владимир Зеленский ба Канада, ба парлумони ин кишвар ҳамчун мубориз алайҳи Русия даъват шуда, ҳозирин ба хотири ӯ ба по истода, кафкӯбӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки трибунали Нюрнберг ҷангиёни дивизияи "Галитсия"-ро дар ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои зидди инсоният гунаҳкор дониста шуданд.
Собиқ аскари дивизияи СС "Галитсия" Ярослав Хункаи 98-сола пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба Канада муҳоҷират кард ва зоҳиран дар он ҷо шӯҳрат пайдо кардааст.