Тавсифи Раҳмон аз забондонии иштирокдорони "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

© Depositphotos.com \ IrochkaЛежащие на книжной полке открытые книги
Лежащие на книжной полке открытые книги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Обуна шудан
Роҳбари давлат аз забондонии штироккунадагони озмунҳо тавсиф намуда гуфт, барои наврасон ва ҷавоно шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтар бояд муҳайё гардад
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбоши худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ аз иштирокдорони озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" тавсиф намуд.
"Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки сатҳи забондонии наврасону ҷавонони иштироккунандаи озмунҳои гуногун, аз ҷумла "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" хеле хуб ва умедворкунанда мебошад", - изҳор дошт роҳбари давлат.
Президент гуфт, ин падидаи нек бояд ҳамаҷониба дастгирӣ шавад ва барои наврасону ҷавонон шароиту имконияти боз ҳам беҳтар муҳайё шаванд.
Дар идома президент аз рушди бесобиқаи техника ва технология гуфта, зикр намуд, ки чунин пешравӣ бо рушди забон робитаи қавӣ дошта, ба ташаккулёбӣ ва ғановатманд гардидани таркиби луғавии он мусоидат менамояд.
Школьники в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик кард
Ӯ гуфт, баёни мафҳумҳои нав калимаву истилоҳоти тозаэҷод ва мувофиқро тақозо мекунад.
Аз ин рӯ президент даъват кард, ки олимони забоншинос бояд ба омӯзиши ҳамаҷонибаи гӯйишҳо, таҳқиқи таърихи забон, баргардону нашр кардани осори оламшумули давраи классикӣ аз устод Рӯдакӣ то устод Айнӣ ва муайяну дақиқ сохтани усулҳои калимасозии забони тоҷикӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.
Президент олимону мутахассисонро вазифадор кард, то луғатномаҳои соҳавиро густариш диҳанд.
"Онҳо бояд мутобиқи равияҳои илмиашон луғатномаҳои соҳавиро таҳия намоянд, то мо тавонем онҳоро дар сатҳи давлатӣ тасдиқ карда, барои истифодаи умум пешниҳод намоем", - пешниҳод роҳбари давлат.
Дар фарҷоми паёми шодбошӣ, Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистонро бо Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фард дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ барору комёбиҳо орзу менамоям.
Лентаи хабарҳо
0