https://sputnik.tj/20231005/sukhanron-putin-valday-pakhsh-mustaqim-1059805899.html
Суханронии Путин дар "Валдай" - видео
Суханронии Путин дар "Валдай" - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия аз замони таъсиси ин маҳфили байналмилалии мубоҳисавӣ ба таври анъанавӣ дар он иштироку суханронии густурда мекунаду ба суолҳо посух медиҳад
2023-10-05T18:20+0500
2023-10-05T18:20+0500
2023-10-06T17:36+0500
видео
"валдай"
русия
владимир путин
ҳамоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/05/1059805095_0:0:1168:657_1920x0_80_0_0_00693d95984ae9857fb41fcd267094b5.jpg
Президенти Русия, Владимир Путин дар ҷаласаи 20-умини Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай" суханронӣ мекунад. Мавзӯи меҳварии чорабинӣ "Бисёрқутбии адолатмеҳвар: Чӣ гуна амният ва рушдро барои ҳама метавон таъмин кард", мебошад. Ҳамоиши навбатии маҳфили байналмилалии мубоҳисавӣ аз 2 то 5 октябр дар Сочи бургузор шуда истодааст. Путин маъмулан аз замони таъсиси ин бошгоҳи мубоҳисавӣ бо аъзои он мулоқот мекунад, суханронии густарда анҷом медиҳад ва сипас ба суолҳои коршиносон посух медиҳад. Ахиран котиби матбуотии президенти Русия, Дмитрий Песков гуфт, суханронии Путин дар нимаи рӯз сурат гирифта, он фарогир хоҳад буд. Русия кишварҳои ИИАО-ро барои мубориза бо таҳримҳо пурзӯр хоҳад кардЁдовар мешавем, ки соли 2022 ҳамоиши "Валдай" дар Маскав баргузор шуда буд. Мавзӯи он "Ҷаҳон пас аз гегемония: адолат ва амният барои ҳама" буд. Он замон Путин гуфт, ки бо ҳимояти Ғарб режими Киев ошкоро аз тавофуқоти Минск даст кашид ва тавсеаи НАТО барои Русия қобили қабул нест.Ба гуфтаи вай, на Русия, балки Ғарб вазъи кунунии ҷаҳон ва ҳаводиси Украина, аз ҷумла амалиёти вижаи низомиро ба вуҷуд овард. Президент қайд кард, ки Русия омода аст сари мизи гуфтушунид бо Украина нишинад, аммо Иёлоти Муттаҳида бояд ба Киев ишора кунад.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/05/1059805095_86:0:962:657_1920x0_80_0_0_7990abb6fdcb752629bbc9738de1b5f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владмиир путин, раисҷумҳур, русия, валдай, суханронӣ
владмиир путин, раисҷумҳур, русия, валдай, суханронӣ
Суханронии Путин дар "Валдай" - видео
18:20 05.10.2023 (Навсозишуда: 17:36 06.10.2023) Раисиҷумҳури Русия аз замони таъсиси ин маҳфили байналмилалии мубоҳисавӣ ба таври анъанавӣ дар он иштироку суханронии густурда мекунаду ба суолҳо посух медиҳад
Президенти Русия, Владимир Путин дар ҷаласаи 20-умини Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай" суханронӣ мекунад. Мавзӯи меҳварии чорабинӣ "Бисёрқутбии адолатмеҳвар: Чӣ гуна амният ва рушдро барои ҳама метавон таъмин кард", мебошад.
Ҳамоиши навбатии маҳфили байналмилалии мубоҳисавӣ аз 2 то 5 октябр дар Сочи бургузор шуда истодааст.
Путин маъмулан аз замони таъсиси ин бошгоҳи мубоҳисавӣ бо аъзои он мулоқот мекунад, суханронии густарда анҷом медиҳад ва сипас ба суолҳои коршиносон посух медиҳад.
Ахиран котиби матбуотии президенти Русия, Дмитрий Песков гуфт, суханронии Путин дар нимаи рӯз сурат гирифта, он фарогир хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 ҳамоиши "Валдай" дар Маскав баргузор шуда буд. Мавзӯи он "Ҷаҳон пас аз гегемония: адолат ва амният барои ҳама" буд.
Он замон Путин гуфт, ки бо ҳимояти Ғарб режими Киев ошкоро аз тавофуқоти Минск даст кашид ва тавсеаи НАТО барои Русия қобили қабул нест.
Ба гуфтаи вай, на Русия, балки Ғарб вазъи кунунии ҷаҳон ва ҳаводиси Украина, аз ҷумла амалиёти вижаи низомиро ба вуҷуд овард.
Президент қайд кард, ки Русия омода аст сари мизи гуфтушунид бо Украина нишинад, аммо Иёлоти Муттаҳида бояд ба Киев ишора кунад.