https://sputnik.tj/20231005/rusiya-taminkunanda-mahsulot-naft-tojikiston-1059795773.html
Русия таъминкунандаи аслии маҳсулоти нафтии Тоҷикистон номида шуд
Русия таъминкунандаи аслии маҳсулоти нафтии Тоҷикистон номида шуд
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъкид кард, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия дар нимсолаи аввали соли 2023 беш аз 85 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил додааст
2023-10-05T12:13+0500
2023-10-05T12:13+0500
2023-10-05T12:48+0500
дар тоҷикистон
русия
нафт
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1d/1058517687_0:83:3041:1794_1920x0_80_0_0_f4bba4411d87a2cac6451133136397a5.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Аксари ҳаҷми зарурии маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад. Дар ин бора муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Сорбон Холмуҳаммадзода дар Анҷумани энергетикии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона хабар дод. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, дар чаҳорчӯби созишномаҳои дуҷониба ҳамасола аз Русия "қисми зиёди маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад". Ба ин тартиб, воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия дар нимсолаи аввали соли 2023 беш аз 85% дарсади ҳаҷми умумиро ташкил дод, таъкид кард Хадамоти гумруки Тоҷикистон. "Дар ин давра зиёда аз 451 ҳазор тонна воридот ба даст омад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 қариб 100 ҳазор тонна зиёд аст", - гуфтанд дар хадамоти гумрук.Холмуҳаммадзода зикр кард, ки Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа дар масъалаҳои воридоти маҳсулоти нафтӣ ва қонеъ кардани талаботи афзояндаи дохилӣ ҳамкории фаъол дорад. "Чоргонаи беҳтарини воридоти маҳсулоти нафтӣ ҳамчунин Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистонро дар бар мегиранд", - шарҳ дод ӯ.Қаблан Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 9 ҳазор тон нафт истихроҷ шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, ин натиҷа нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 27% ё 3,4 ҳазор тон камтар аст. Вазорат нишондиҳандаҳои пастро ба кори бесамари як қатор корхонаҳои Тоҷикистон рабт медиҳад. Гуфта мешавад, сабабҳои коҳиши истихроҷи тиллои сиёҳ фишори пасти обанбор ва мушкилоти таъмини нерӯи барқ, бахусус дар фасли сармо мебошад.
https://sputnik.tj/20230912/tojiron-tojikistonu-qazoqiston-sodirot-voridot-afzoish-1059346906.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1d/1058517687_310:0:3041:2048_1920x0_80_0_0_aeda125eff1a9e1d5f56b6b5a9178a10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия тоҷикистон нафт
Русия таъминкунандаи аслии маҳсулоти нафтии Тоҷикистон номида шуд
12:13 05.10.2023 (Навсозишуда: 12:48 05.10.2023) Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъкид кард, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия дар нимсолаи аввали соли 2023 беш аз 85 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил додааст.
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Аксари ҳаҷми зарурии маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад.
Дар ин бора муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Сорбон Холмуҳаммадзода дар Анҷумани энергетикии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона хабар дод.
"Имрӯз Русия яке аз шарикони асосии маҷмааи сӯзишворию энергетикии Тоҷикистон мебошад", - изҳор дошт ӯ.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, дар чаҳорчӯби созишномаҳои дуҷониба ҳамасола аз Русия "қисми зиёди маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад".
Ба ин тартиб, воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия дар нимсолаи аввали соли 2023 беш аз 85% дарсади ҳаҷми умумиро ташкил дод, таъкид кард Хадамоти гумруки Тоҷикистон.
"Дар ин давра зиёда аз 451 ҳазор тонна воридот ба даст омад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 қариб 100 ҳазор тонна зиёд аст", - гуфтанд дар хадамоти гумрук.
Холмуҳаммадзода зикр кард, ки Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа дар масъалаҳои воридоти маҳсулоти нафтӣ ва қонеъ кардани талаботи афзояндаи дохилӣ ҳамкории фаъол дорад.
"Чоргонаи беҳтарини воридоти маҳсулоти нафтӣ ҳамчунин Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистонро дар бар мегиранд", - шарҳ дод ӯ.
Қаблан Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 9 ҳазор тон нафт истихроҷ шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, ин натиҷа нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 27% ё 3,4 ҳазор тон камтар аст.
Вазорат нишондиҳандаҳои пастро ба кори бесамари як қатор корхонаҳои Тоҷикистон рабт медиҳад. Гуфта мешавад, сабабҳои коҳиши истихроҷи тиллои сиёҳ фишори пасти обанбор ва мушкилоти таъмини нерӯи барқ, бахусус дар фасли сармо мебошад.