Дар Абхазистон пойгоҳи баҳрии Русия ташкил мешавад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкКорабли Черноморского флота во время совместных учений Северного и Черноморского флотов в Черном море
Корабли Черноморского флота во время совместных учений Северного и Черноморского флотов в Черном море - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Обуна шудан
Президенти Абхазистон таъкид кард, ки созишнома дар бораи таъсиси пойгоҳи доимии нерӯҳои баҳрӣ аллакай имзо шуда, ҳамкориҳо дар бахши низомӣ таҳким меёбанд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Пойгоҳи доимии киштиҳои Нерӯҳои дарёии Русия дар халиҷи Очамчири Абхозистон пайдо мешавад.
Дар ин бора президенти Абхазистон, Аслан Бжания дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия" иттилоъ дода, афзуд, ки созишномаи дахлдор аллакай ба имзо расидааст.
"Мо шартнома имзо кардем ва дар ояндаи наздик дар минтақаи Очамчира пойгоҳи доимии флоти ҳарбии баҳрӣ хохад шуд", — гуфт сиёсатмадор.
Ба гуфтаи вай, ин имкон медиҳад, ки тавоноии дифоии ҳам Русия ва ҳам Абхозистон афзоиш ёбад.
Бжания афзуд, ки дар соҳаи ҳамкориҳои низомӣ "бисёр корҳо аллакай анҷом дода шудаанд", аммо кишварҳо бояд "қадамҳои зиёде гузоранд".
Путин баҳрнавардонро бо Рӯзи нерӯҳои баҳрӣ шодбош гуфт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2023
Иштироки Путин дар гузашти нерӯҳои баҳрӣ - видео
"Русия ба мо кумак мерасонад, мутахассисони мо пайваста дар муассисаҳои махсуси Русия такмили ихтисос мегузаранд, аз ин рӯ, ин масъала, албатта, ҳеҷ гоҳ аз рӯзнома намемонад", - гуфт ӯ.
Дар тӯли солҳои 2000-ум, халиҷи Очамчира барои истиқрори муштараки киштиҳои мулкӣ ва низомии нерӯи баҳрии Абхозистон истифода мешуд.
Моҳи январи соли 2009 пойгоҳ ба Русия дода шуда, ҳоло дар он ҷо киштиҳои посбонӣ ва каиқҳои посбонии соҳилии Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амният - ФСБ мавҷуданд.
Лентаи хабарҳо
0