Дар Тоҷикистон замин ҷунбид: марказаш ноҳияи Рӯдакӣ

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2023
Обуна шудан
Ин аллакай рӯзи саввум аст, ки дар Тоҷикистон заминҷунбӣ рух медиҳад. Рӯзи 3 октябр давоми рӯз якбора чор заминҷунбӣ сар зада буд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Шаби 4 октябр дар Тоҷикистон заминҷунбӣ сар зад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ба иттилои манбаъ, ҷунбиши замин соати 03:31 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сабт шуд.
"Маркази заминларза дар 7 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Рӯдакӣ будааст", - омадааст дар хабари КҲФ.
Манбаъ шиддати заминҷунбиро дар марказ 2-3 ва дар шаҳри Душанбе 2 балл арзёбӣ кард.
Ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ надошт, мегӯяд Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аниқтараш ноҳияи Ванҷро чор маротиба заминҷунбӣ такон дод.
Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон шиддати заминҷунбиҳоро аз 4 то 4.7 балл арзёбӣ кард. Бояд гуфт дар ин вилоят танҳо дар 6 моҳи соли равон беш аз 20 офати табиӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷа дар вилоят 18 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 19 млн сомонӣ хисорот расонида шудааст.
Ҳамагӣ дар 25 сол дар минтақаи ВМКБ 314 офати табиӣ ба қайд гирифта шуда, ки бар асари онҳо 63 нафар ҷон бохтанд. Хисорот молӣ дар ин давра бештар аз 300 млн сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0