Раиси Суғд аз сокинон хост, забони давлатиро поку беолоиш нигоҳ доранд

© Пресс-служба председателя Согдийской областиРаджаббой Ахмадзода ознакомился с ходом строительства новых заводов Худжанда
Раджаббой Ахмадзода ознакомился с ходом строительства новых заводов Худжанда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2023
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода сокинони Суғдро бо Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон шодбош гуфта, дар ҳифзу арҷгузории ин рукни муҳими давлатдорӣ муваффақият хостааст
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Забони тоҷикӣ ба сифати яке аз пояҳои бунёдии давлатдорӣ дар таҳкими ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа хизмат мекунад.
Ин нуктаро раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ баён дошт.
"Воқеан ҳам, забони ширину шевои тоҷикӣ дар ҷараёни рушду инкишофи худ аз замонҳои дури таърихӣ ҳамчун омили муҳимтарини муттаҳидкунанда, унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо роҳи душвору пурпечутобро сипарӣ кард", - гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, ки забони давлатӣ сарвати маънавии миллат ба ҳисоб меравад ва гиромӣ доштану ҳифзу ҳимоя намудани он вазифаи ҳар соҳиби забон мебошад.
Ба гуфтаи Аҳмадзода дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ сурат гирифтаст.
Лежащие на книжной полке открытые книги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Оғози Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии "Китоби Душанбе" дар пойтахт
"Боварии комил дорам, ки сокинони вилоят дар роҳи поку беолоиш нигоҳ доштани бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо – забони тоҷикӣ ва таҳкими мақому манзалати он ҳамчун забони давлатӣ саъю талош меварзанд", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки 5 октябри соли 2009 қонун "Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон" ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид.
Дар Тоҷикистон Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030 тасдиқ карда шуд, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.
Лентаи хабарҳо
0