Путин дар солгарди таъсиси пойгоҳи ҳавоии Русия дар Қирғизистон ширкат мекунад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрезидент Росси Владимир Путин
Президент Росси Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2023
Обуна шудан
Сухангӯи президенти Русия низ қаблан хабар дод, ки сафари Путин ба Қирғизистон муайян шуда, ҳоло омодагиҳо идома дорад
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Кишвардорони Русия ва Қирғизистон дар маросими 20 -умин солгарди таъсиси пойгоҳи ҳавоии Русия дар шаҳри Кант ширкат хоҳанд кард.
Дар ин бора Муродбек Азимбакиев, мудири шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Қирғизистонхабар дод.
"Иштироки сарони давлатҳо дар як маросими тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди ифтитоҳи пойгоҳи ҳавоии СПАД дар шаҳри Кант ба нақша гирифта шудааст",- афзуд Азимбакиев.
Қаблан нахуствазири Қирғизистон Оқилбек Жапаров гуфт, ки сафари давлатии Путин ба Қирғизистон рӯзи 12 октябр ва нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Бишкек рӯзи 13 октябр баргузор мешавад.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи 2 октябр гуфт, ки санаи сафари Путин ба Қирғизистон муайян шуда, омодагӣ идома дорад.
Марш-бросок военнослужащих 201-й РВБ на границу Таджикистана и Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Як кишвар хостори ҷойгирсозии пойгоҳи низомии Русия дар қаламраваш шуд
"Дар доираи сафари дарпешистода музокироти дуҷонибаи Ҷабборов ва Путин дар назар аст. Роҳбарони кишварҳо масъалаҳои кунунии рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ хоҳанд кард. ”, - қайд кард Азимбакиев.
Пойгоҳи муштараки низомии Русия "Кант" бахше аз Нерӯҳои зудамали дастаҷамъӣ буда, дар таъмини амнияти ҳарими ҳавоии кишварҳои узви СПАД ширкат мекунад. Он бо ҳавопаймоҳои ҳамлавари Су-25 ва чархболҳои Ми-8 мусаллаҳ аст.
Лентаи хабарҳо
0