Муҳоҷирони корӣ минбаъд бояд ВУД Русияро аз оғози кор огоҳ кунанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкРабочие на строительной площадке
Рабочие на строительной площадке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2023
Обуна шудан
ВКД Русия варақаи огоҳиномаеро тасдиқ кард, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳангоми гирифтани патент ё пайдо кардани кор дар Русия бояд пур кунанд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Муҳоҷирони корӣ дар Русия бояд Вазорати корҳои дохилии ин кишварро дар бораи оғози кор пешакӣ огоҳ кунанд.
Дар ин бора дар фармоне, ки дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, хабар дода шуд.
Дар фармон омадааст, ки муҳоҷири корӣ бояд ҳуҷҷати дахлдорро дастӣ ва ё дар компютер ба забони русӣ пур кунад.
Пасон онро бояд ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод намояд.
Мужчина со смартфоном в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2023
Муҳоҷирон барои ҳалли мушкилашон имкон пайдо карданд ба мақомот муроҷиат намоянд
Илова бар ин, бояд нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаро низ замима кунад. Ё дар огоҳинома метавонад дар бораи шартнома оид ба иҷрои кор, агар он шифоҳӣ баста шуда бошад, маълумот дода шавад.
Маҷмӯи ҳуҷҷатҳоро бояд ба Раёсати ҳудудии ВКД, шахсан, тавассути почта ё дар шакли электронӣ тавассути портали хизматрасониҳои давлатӣ ирсол кард.
Ин фармон аз январи соли 2024 эътибор пайдо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0