https://sputnik.tj/20231004/khorugh-konferens-sulh-vahdat-barguzor-gardid-1059787990.html
Дар Хоруғ конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба сулҳу ваҳдат баргузор гардид
Дар Хоруғ конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба сулҳу ваҳдат баргузор гардид
Sputnik Тоҷикистон
Дар чорабинӣ ба саҳми занони тоҷик дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 04.10.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-10-04T17:58+0500
2023-10-04T17:58+0500
2023-10-04T17:58+0500
дар тоҷикистон
вмкб
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/04/1059776935_0:0:1958:1102_1920x0_80_0_0_78c6646fceef36f9c93477652c139b43.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Таронаи ваҳдат дар боми ҷаҳон" баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст. Мавзӯъҳои аслии конфронс сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон буд. Вохӯрӣ дар доираи нақшаи фаъолияти Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин дастгирии занон дар кишвар ва вазъи иҷтимоии онҳо баррасӣ шуд. Иштирокчиён аз намоишгоҳи корхонаҳои ҳунарӣ ва саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон дар доираи гранти президентӣ бунёд шудаанд, дидан карда, оид ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ тавсияҳои судманд доданд. Ҳамчунин дар бораи саҳми занони тоҷик дар пешрафти кишвар, кушода шудани сехҳои дӯзандагӣ, меҳмонхонаҳо, дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра муҳокима гардид.Иштирокчиёни чорабинӣ ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ВМКБ баҳо доданд.
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/04/1059776935_92:0:1831:1304_1920x0_80_0_0_f591b98a22565648ff9811bbbaff7a0c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вмкб, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, вмкб, иҷтимоъ
Дар Хоруғ конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба сулҳу ваҳдат баргузор гардид
Дар чорабинӣ ба саҳми занони тоҷик дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Таронаи ваҳдат дар боми ҷаҳон" баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст.
Мавзӯъҳои аслии конфронс сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон буд. Вохӯрӣ дар доираи нақшаи фаъолияти Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин дастгирии занон дар кишвар ва вазъи иҷтимоии онҳо баррасӣ шуд. Иштирокчиён аз намоишгоҳи корхонаҳои ҳунарӣ ва саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон дар доираи гранти президентӣ бунёд шудаанд, дидан карда, оид ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ тавсияҳои судманд доданд.
Ҳамчунин дар бораи саҳми занони тоҷик дар пешрафти кишвар, кушода шудани сехҳои дӯзандагӣ, меҳмонхонаҳо, дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра муҳокима гардид.
Иштирокчиёни чорабинӣ ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ВМКБ баҳо доданд.