https://sputnik.tj/20231004/bunyodi-oqokhon-yodgori-samarqand-bukhoro-1059774921.html
Бунёди Оқохон ёдгориҳои Самарқанду Бухороро барқарор мекунад
Бунёди Оқохон ёдгориҳои Самарқанду Бухороро барқарор мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ёвари раисҷумҳури Ӯзбекистон аз таҷрибаи Бунёди Оқохон дар бахши эҳёи шаҳрҳои қадимию ёдгориҳои таърихӣ тавсиф карда, хостори ҷалбаш ба Самарқанду Бухоро шуд
2023-10-04T13:21+0500
2023-10-04T13:21+0500
2023-10-04T13:21+0500
дар ҷаҳон
фарҳанг
осиёи марказӣ
таърих
самарқанд
бухоро
масҷид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/73/1024377312_0:0:4000:2251_1920x0_80_0_0_47f83395062b9633e7eb4ecb6b90caa9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Фонди Оқохон ёдгориҳои асосии меъмории шаҳрҳои Бухоро ва Самарқандро барқарор мекунад. Ба иттилои ёвари президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева ин масъала дар мулоқот бо роҳбарони Бунёди Оқохон дар бахши фарҳанг баррасӣ гардид. "Бо дарназардошти таҷрибаи муваффақи созмон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, ҷалби ин созмон ба барқарорсозии ду ёдгории муҳим – масҷиди Бибихоним дар Самарқанд ва Манораи Калон дар Бухоро дар назар аст", - навиштааст Мирзиёева дар саҳифааш. Вай таъкид намудааст, ки ин ду ёдгории таърихӣ барои миллат ва тамоми ҷаҳон аҳамияти бузург дошта, он бояд ҳифз дар ҳолати хуб барои наслҳои оянда боқӣ гузошта шавад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Бунёди Оқохон яке аз қадимтарин масҷидҳои Афғонистонро бозсозӣ мекунад.Сухан дар бораи таҳкими таҳкурсии масҷиди асримиёнагии "Бабаҷӣ" дар Ғазна меравад, изҳор доштанд мақомоти маҳаллии Афғонистон. Таъкид шуда буд, ки ҳоло мутахассисон танҳо биноро аз назар мегузаронанд ва худи кор соли оянда оғоз мешавад.
https://sputnik.tj/20211212/tojikiston-oseidagon-ofati-tabii-panogoh-bunyod-shud-1044101609.html
самарқанд
бухоро
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/73/1024377312_0:0:4000:3000_1920x0_80_0_0_a57a33b8e649c3c28fa73a896a5e858d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
самарқанд, бухоро, бунёди оқохон, барқарор, таърихӣ
самарқанд, бухоро, бунёди оқохон, барқарор, таърихӣ
Бунёди Оқохон ёдгориҳои Самарқанду Бухороро барқарор мекунад
Ёвари раисҷумҳури Ӯзбекистон аз таҷрибаи Бунёди Оқохон дар бахши эҳёи шаҳрҳои қадимию ёдгориҳои таърихӣ тавсиф карда, хостори ҷалбаш ба Самарқанду Бухоро шуд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Фонди Оқохон ёдгориҳои асосии меъмории шаҳрҳои Бухоро ва Самарқандро барқарор мекунад.
Ба иттилои ёвари президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева ин масъала дар мулоқот бо роҳбарони Бунёди Оқохон дар бахши фарҳанг баррасӣ гардид.
"Бо дарназардошти таҷрибаи муваффақи созмон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, ҷалби ин созмон ба барқарорсозии ду ёдгории муҳим – масҷиди Бибихоним дар Самарқанд ва Манораи Калон дар Бухоро дар назар аст", - навиштааст Мирзиёева дар саҳифааш.
Вай таъкид намудааст, ки ин ду ёдгории таърихӣ барои миллат ва тамоми ҷаҳон аҳамияти бузург дошта, он бояд ҳифз дар ҳолати хуб барои наслҳои оянда боқӣ гузошта шавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Бунёди Оқохон яке аз қадимтарин масҷидҳои Афғонистонро бозсозӣ мекунад.
Сухан дар бораи таҳкими таҳкурсии масҷиди асримиёнагии "Бабаҷӣ" дар Ғазна меравад, изҳор доштанд мақомоти маҳаллии Афғонистон.
Таъкид шуда буд, ки ҳоло мутахассисон танҳо биноро аз назар мегузаронанд ва худи кор соли оянда оғоз мешавад.