https://sputnik.tj/20231004/amriko-meravad-kiev-oyanda-nazdik-ukraina-peshgui-1059769822.html
Амрико меравад: Дар Киев ояндаи наздики Украина пешгӯӣ шуд
Амрико меравад: Дар Киев ояндаи наздики Украина пешгӯӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос мегӯяд, украиниҳо дар баробари камбуди манобеъи моддӣ низ омодагии рӯҳонӣ барои пешрафт надоранд, ки ин ҳолат ба бунбаст оварда мерасонад 04.10.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-10-04T10:42+0500
2023-10-04T10:42+0500
2023-10-04T10:42+0500
дар ҷаҳон
амрико
киев
украина
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046202703_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a9aac191b83191fc14ca6cd2f86823aa.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида Амрико ҳамчун сарпарастони аслии Украина аз кумак ба Украина даст мекашад ва бо наздик шудани интихоботи Амрико равобит бо Киев сахттар мешавад.Ин ақидаро мушовири собиқи Леонид Кучма Олег Соскин изҳор дошт. Ба гуфтаи Соскин, Ғарб муҳимтарин лавозимоти ҷангиро таъмин мекунад ва набудани аслиҳаи зарурӣ аллакай ба Украина имкон намедиҳад, ки дар хати набард ягон натиҷае ба даст орад. "Яроқ тамом мешавад. Ягон лавозимоти ҷангӣ нахоҳад буд, чизе нахоҳад буд. Бигзор он пораҳоеро нигоҳ дорад, ки ҳоло Ғарб ба онҳо додааст", - гуфт таҳлилгар.Ба гуфтаи Соскин, украиниҳо дар баробари камбуди манобеъи моддӣ низ омодагии рӯҳонӣ барои пешрафт надоранд ва омезиши ин омилҳо дар баробари коҳиши пуштибонии байналмилалӣ ба он оварда мерасонад, ки “ҳама чиз дар ҳолати бунбаст қарор дорад".Қаблан Конгресс дар бораи буҷаи муваққатии ИМА мувофиқат карда буд, ки аз қатъи маблағгузории ҳукумат пешгирӣ мекунад. Дар ин санад кумак ба Украина зикр нашудааст.Илова бар ин, дар Амрико қонуни "Ленд-лизинг" барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки аз ҷониби раиси Кохи сафед Ҷо Байден 9 майи соли 2022 қабул шуда буд, ба охир расид.
https://sputnik.tj/20231003/maqomoti-amriko-az-kambudi-mablagh-baroi-dastgirii-darozmuddati-ukraina-khabar-dodand-1059753004.html
амрико
киев
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046202703_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_5d3395c6e8edc5fbe9c392b1e0fe1a6d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, амрико, киев, украина, сиёсат
дар ҷаҳон, амрико, киев, украина, сиёсат
Амрико меравад: Дар Киев ояндаи наздики Украина пешгӯӣ шуд
Коршинос мегӯяд, украиниҳо дар баробари камбуди манобеъи моддӣ низ омодагии рӯҳонӣ барои пешрафт надоранд, ки ин ҳолат ба бунбаст оварда мерасонад
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида Амрико ҳамчун сарпарастони аслии Украина аз кумак ба Украина даст мекашад ва бо наздик шудани интихоботи Амрико равобит бо Киев сахттар мешавад.
Ин ақидаро мушовири собиқи Леонид Кучма Олег Соскин изҳор дошт.
"Донкори асосӣ, Иёлоти Муттаҳида, ки ҳама чизро (ба Украина - идора) додааст, ҳоло тақрибан комилан ин самтро тарк мекунад. Ҳар қадаре, ки интихоботи президентӣ наздик шавад, онҳо ба Украина сахттар муқовимат мекунанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Соскин, Ғарб муҳимтарин лавозимоти ҷангиро таъмин мекунад ва набудани аслиҳаи зарурӣ аллакай ба Украина имкон намедиҳад, ки дар хати набард ягон натиҷае ба даст орад.
"Яроқ тамом мешавад. Ягон лавозимоти ҷангӣ нахоҳад буд, чизе нахоҳад буд. Бигзор он пораҳоеро нигоҳ дорад, ки ҳоло Ғарб ба онҳо додааст", - гуфт таҳлилгар.
Ба гуфтаи Соскин, украиниҳо дар баробари камбуди манобеъи моддӣ низ омодагии рӯҳонӣ барои пешрафт надоранд ва омезиши ин омилҳо дар баробари коҳиши пуштибонии байналмилалӣ ба он оварда мерасонад, ки “ҳама чиз дар ҳолати бунбаст қарор дорад".
Қаблан Конгресс дар бораи буҷаи муваққатии ИМА мувофиқат карда буд, ки аз қатъи маблағгузории ҳукумат пешгирӣ мекунад. Дар ин санад кумак ба Украина зикр нашудааст.
Илова бар ин, дар Амрико қонуни "Ленд-лизинг" барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки аз ҷониби раиси Кохи сафед Ҷо Байден 9 майи соли 2022 қабул шуда буд, ба охир расид.