Шаҳрдории Душанбе гуфт дар рӯзи аввал чӣ қадар ҷавонон ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафтанд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри ДушанбеМаросими гусели наваскарон ба сфи артиш дар Душанбе
Маросими гусели наваскарон ба сфи артиш дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Обуна шудан
Рӯзи 1 октябр дар Муассисаи давлатии “Амфитеатри Аҳорун” чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи артиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе иддао дорад, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз пойтахти кишвар 426 нафар ҷавонон, ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд, ки 25% нақшаро ташкил медиҳад.
Шаҳрдори таъкид кардааст, ки сол то сол сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, зиёд гардида истодааст.
Ахиран ба муносибати гусели наваскарон ба сафи артиш дар пойтахт маросими бошуккуҳ баргузор шуд, ки дар он намояндагони мақомот в падарону модарони ҷавонон ширкат варзиданд.
Дар ин маросими гусели наваскаврон ҳамчунин, ба даъватшудагон, ки аз чор ноҳияи шаҳр дар ин рӯз сафарбар гардиданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардида, намоиши машқҳои ҳарбӣ ва варзишӣ намоиш ва чун анъана маросими "Нонгазон" сурат гирифт.
Весенний призыв в таджикскую армию. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Се ноҳияи Хатлон нақшаи даъватро дар як рӯз иҷро карданд
Ёдовар мешавем, ки 1-уми октябри соли ҷорӣ даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом хоҳад кард.
Ба иттилои мақомот имрӯзҳо садҳо нафар ҷавонони шуҷои хатлонӣ барои адои хизмати аскарӣ дар сафи Артиши миллӣ изҳори омодагӣ карда, дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо номнавис шудаанд.
Барои назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ ва комиссияҳои даъват муваззаф гардидаанд.
Аз ҷониби Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо дастур гирифтаанд, ки назоратро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр созанду барои пешгирию бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои лозимӣ қабул намоянд.
Лентаи хабарҳо
0