https://sputnik.tj/20231003/rosatom-partovgoh-radioaktivi-taboshar-1059761780.html
"Росатом" партовгоҳи радиоактивӣ дар Табошарро бехатар гардонд
"Росатом" партовгоҳи радиоактивӣ дар Табошарро бехатар гардонд
Sputnik Тоҷикистон
Безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар Суғд дар доираи барномаи байнидавлатии "Барқарорсозии ҳудудҳои давлатҳои аз истихроҷи уран зарардида" амалӣ шуд
2023-10-03T15:59+0500
2023-10-03T15:59+0500
2023-10-03T15:59+0500
дар тоҷикистон
академия
амният ва мудофиа
иҷтимоъ
партов
партовгоҳ
уран
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/03/1059759466_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_c77f166b7e7cf2ada7d8a33a1df3a514.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дар минтақаи Табошари шаҳри Истиқлол бо иштирокдори мақомдорони тоҷику русиягӣ, маросими пӯшидашавии лоиҳаи барқарорсозии партовгоҳҳо ва иншооти урандори собиқ баргузор гардид. Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар маросим вазири тоҷик, Шералӣ Кабир ва намояндаи корпоратсияи "Росатом" Николай Спасский иштирок карданд. Манбаъ афзуд, ки рӯйпӯшгардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар Суғд дар доираи барномаи байнидавлатии "Барқарорсозии ҳудудҳои давлатҳои аз истихроҷи уран зарардида" амалӣ гардид. Барнома аз ҷониби "Росатом" амалӣ шуда, тайи 10 соли охир татбиқ шуд. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки барнома барои ҳалли мушкилоти марбут ба оқибатҳои радиоактивию экологӣ ва партовгоҳҳои уран дар қаламрави ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳа тамоми хусусиятҳои экологии минтақа, олами набототу ҳайвоноти ноҳияи Табошар ба назар гирифта шуда, таҷрибаи андӯхтаи мутахассисони ҳам рус ҳам тоҷик дар дигар иншооту партовгоҳҳои урании Тоҷикистон истифода хоҳад шуд. Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро "гуристонҳои уран" ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Восторкредмед", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон - Чкалови пештара, дар қарни гузашта ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки аз теъдоди умумӣ, айни ҳол 3 партовгоҳи уран дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров дар шароити боз қарор доранд. Дар умум замини ин се партовгоҳ 200 гектар буда, дар онҳо ҳудуди 50 млн тон боқимондаҳои радиоактивӣ ҷойгир шудаанд.
https://sputnik.tj/20230907/muboriza-zakhirakho-ob-osiyoi-miyona-vusat-1059261610.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/03/1059759466_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_918ca6b8247dfd6226be073beccd7a66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиш, хатар, истиқлол, суғд, табошар, барқарорсозӣ
коҳиш, хатар, истиқлол, суғд, табошар, барқарорсозӣ
"Росатом" партовгоҳи радиоактивӣ дар Табошарро бехатар гардонд
Безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар Суғд дар доираи барномаи байнидавлатии "Барқарорсозии ҳудудҳои давлатҳои аз истихроҷи уран зарардида" амалӣ шуд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дар минтақаи Табошари шаҳри Истиқлол бо иштирокдори мақомдорони тоҷику русиягӣ, маросими пӯшидашавии лоиҳаи барқарорсозии партовгоҳҳо ва иншооти урандори собиқ баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар маросим вазири тоҷик, Шералӣ Кабир ва намояндаи корпоратсияи "Росатом" Николай Спасский иштирок карданд.
Манбаъ афзуд, ки рӯйпӯшгардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар Суғд дар доираи барномаи байнидавлатии "Барқарорсозии ҳудудҳои давлатҳои аз истихроҷи уран зарардида" амалӣ гардид. Барнома аз ҷониби "Росатом" амалӣ шуда, тайи 10 соли охир татбиқ шуд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки барнома барои ҳалли мушкилоти марбут ба оқибатҳои радиоактивию экологӣ ва партовгоҳҳои уран дар қаламрави ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳа тамоми хусусиятҳои экологии минтақа, олами набототу ҳайвоноти ноҳияи Табошар ба назар гирифта шуда, таҷрибаи андӯхтаи мутахассисони ҳам рус ҳам тоҷик дар дигар иншооту партовгоҳҳои урании Тоҷикистон истифода хоҳад шуд.
Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро "гуристонҳои уран" ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Восторкредмед", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон - Чкалови пештара, дар қарни гузашта ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки аз теъдоди умумӣ, айни ҳол 3 партовгоҳи уран дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров дар шароити боз қарор доранд. Дар умум замини ин се партовгоҳ 200 гектар буда, дар онҳо ҳудуди 50 млн тон боқимондаҳои радиоактивӣ ҷойгир шудаанд.