Клиникаҳои тиббии сайёр ба беш аз 90 ҳазор сокинон хизмат расониданд

© Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикстонКлиникаҳои тиббии сайёр дар Тоҷикистон
Клиникаҳои тиббии сайёр дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Обуна шудан
Дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” клиникаҳои мазкур ба шаҳру навоҳии кишвар сафар намуда, шаҳрвандонро ба муоина ва ташхисҳои ройгон фаро мегиранд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Клиникаҳои тиббии сайёр ба 90 ҳазору 705 нафар хизматрасонӣ намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.
Вазорати тандурустӣ таъкид дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” клиникаҳои мазкур ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, шаҳрвандонро ба муоина ва ташхисҳои ройгон фаро мегиранд.
Айни замон клиникаҳои сайёр дар ноҳияҳои Кӯшониён, шаҳри Ҳисор ва Бобоҷон Ғафуров қарор доранд.
© Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикстонКлиникаҳои тиббии сайёр дар Тоҷикистон
Клиникаҳои тиббии сайёр дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Клиникаҳои тиббии сайёр дар Тоҷикистон
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 03 октябр клиникаи тиббии сайёри рақами 2 фаъолияташро дар шаҳри Ҳисор низ оғоз хоҳад кард.
“Клиникаҳои тиббии сайёр фаъолияти худро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар н аз моҳи феврали соли гузашта оғоз карда, то имрӯз ба зиёда аз 90 ҳазору 705 нафар бемор хизмат расонида, инчунин 263 ҳазору 191 амалиёт, машварат ва ташхису муоинаҳо гузарониданд, ки аз ин 302 амалиётҳои ҷарроҳӣ мебошанд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки ҳама намуди хизматрасониҳо ва маводҳои доруворӣ аз ҷониби клиникаҳои мазкур ба таври ройгон тақдим карда мешаванд.
Эътирофи озмоишгоҳи Вазорати тандурустӣ дар СҶБ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Эътирофи СҶБ аз як Озмоишгоҳи вазорати тандурустӣ
Дар баробари ин, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизматрасонӣ менамоянд.
Вазорати тандурустӣ қайд намудааст, ки бо мақсади ба ташхису муоина фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба кишвар якчанд клиникаҳои сайёр ворид намуд.
Лентаи хабарҳо
0