Сомон паҳлавони наврас дар мусобиқаи байналмилалии Чин соҳиби медали тило шуд

© Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон Сомон Турсунзода
Сомон Турсунзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Обуна шудан
Паҳлавони навраси тоҷик дар мусобиқаи "Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023",ки дар Шанхайи Чин баргузор сазовори медали тило гашт
ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар мусобиқаи "Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023", ки дар шаҳри Шанхайи Чин баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур дар ду намуд, аз ҷумла ҷудо ва ҷиу-ҷитсу — грэпплинг баргузор шуд, ки дар он варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар вазни то 30 кг ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби медали тилло гардид.
Кураш — традиционный вид борьбы у тюркских народов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Медали панҷуми Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё
Сомон ду рақиби худро аз Чин мағлуб намуда, медали тиллои мусобиқаро соҳиб шуд.
Ёдова мешавем, ки қаблан дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Чин ҷудкорони тоҷик - Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медали тило, Темур Раҳимов дар вазни зиёда аз 100 кило нишони нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило нишони биринҷӣ гирифта буданд.
Ҳамчунин паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаров дар риштаи кураш дар рӯзи 9-уми Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу нишони биринҷӣ ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0