Пешбинии рушди фаъолияти иқтисодӣ дар ИИАО дар соли 2023

© PixabayЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Обуна шудан
Комииссия иқтисодии АвруОсиё дар соли 2023 рушди суръати фаъолияти иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИИАО пешбинӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё пас аз оғози барқарорсозии иқтисоди кишварҳои узви ИИАО дар нимаи дуюми соли 2022, рушди суръати фаъолияти иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро дар соли 2023 пешбинӣ кардааст.
Тавре хабаргузории “БЕЛТА” дар истинод ба Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст, ахиран дар бораи натиҷаҳо ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва тадбирҳо дар соҳаи сиёсати макроиқтисодӣ гузориш интишор шудааст.
Ин гузориши тоза дар сомонаи расмии ин Комиссия нашр шудааст.
Директор Департамента агропромышленной политики ЕАК Армен Арутюнян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Рушди устувори моҳипарварӣ дар ИИАО
"Пешгӯӣ хеле хушбин аст, шартҳои зарурии пурзӯр намудани рушди иқтисодӣ нигоҳ доштани динамикаи мусбати фаъолияти сармоягузорӣ, афзоиши даромад ва музди меҳнати хонаводаҳо, афзоиши қарздиҳӣ ба иқтисодиёт ва вазъи мусоид дар бозори меҳнат дида мешавад", - шарҳ дода шудааст дар гузориш.
Тибқи пешгӯиҳои вазоратҳои иқтисодии кишварҳои узви иттиҳод, суръати афзоиши ММД Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар охири соли 2023 ба 3% афзудааст.
Лентаи хабарҳо
0