https://sputnik.tj/20231002/nongazon-dushanbe-sad-khizmat-1059743157.html
"Нонгазон" дар Душанбе: Садҳо ихтиёрӣ ба хизмат рафтанд
"Нонгазон" дар Душанбе: Садҳо ихтиёрӣ ба хизмат рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Душанбе дастур додаст, ки байни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбӣ ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб шавад
2023-10-02T18:10+0500
2023-10-02T18:10+0500
2023-10-02T18:10+0500
дар тоҷикистон
хизмат
ҳарбӣ
фархор
вахш
данғара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042651358_0:44:1601:944_1920x0_80_0_0_3cf1e261d33c550bf2533ffa9d1725fb.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Зиёда аз 400 ихтиёрӣ дар рӯзи аввали даъват ба хизмати ҳарбӣ рафтанд, иттилоъ дод шаҳрдории Душанбе. Ба иттилои манбаъ, ба даъватшудагоне, ки аз чор ноҳияи шаҳр дар ин рӯз сафарбар гардиданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим шуда, бо ҳузури наздикону масъулин маросими "Нонгазон" сурат гирифтааст. Таъкид шудааст, ки сол ба сол теъдоди ихтиёриёне, ки ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд, афзоиш ёфтааст. Зикр шудаст, ки бо қарори раиси Душанбе, Рустами Эмомалӣ ниҳодҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кор бо занон ва оила дар пойтахт муваззаф шудаанд, байни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд тарғиб намоянд.Даъвати наваскарон дар Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, то охири ноябр давом хоҳад кард. Бархе аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро карданд. Дар ин феҳраст дар баробари шаҳру навоҳии ВМКБ инчунин ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара қарор доранд.
https://sputnik.tj/20231002/se-nohiya-khatlon-naqsha-davat-ijro-1059724929.html
фархор
вахш
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042651358_37:0:1458:1066_1920x0_80_0_0_891b374e34a14ed6936ffe184c31598b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хизмати ҳарбӣ, садҳо, ихтиёрӣ, душанбе, гусел, маросим
хизмати ҳарбӣ, садҳо, ихтиёрӣ, душанбе, гусел, маросим
"Нонгазон" дар Душанбе: Садҳо ихтиёрӣ ба хизмат рафтанд
Раиси Душанбе дастур додаст, ки байни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбӣ ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб шавад
ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Зиёда аз 400 ихтиёрӣ дар рӯзи аввали даъват ба хизмати ҳарбӣ рафтанд, иттилоъ дод шаҳрдории Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, ба даъватшудагоне, ки аз чор ноҳияи шаҳр дар ин рӯз сафарбар гардиданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим шуда, бо ҳузури наздикону масъулин маросими "Нонгазон" сурат гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки сол ба сол теъдоди ихтиёриёне, ки ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд, афзоиш ёфтааст.
Зикр шудаст, ки бо қарори раиси Душанбе, Рустами Эмомалӣ ниҳодҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кор бо занон ва оила дар пойтахт муваззаф шудаанд, байни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд тарғиб намоянд.
Даъвати наваскарон дар Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, то охири ноябр давом хоҳад кард.
Бархе аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро карданд. Дар ин феҳраст дар баробари шаҳру навоҳии ВМКБ инчунин ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара қарор доранд.