Геологҳои ИДМ истифодаи сарватҳои зеризаминиро баррасӣ намуданд

© Маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати ТоҷикистонМуовини сардори Саридораи геология Алимаҳмуд Ализода
Муовини сардори Саридораи геология Алимаҳмуд Ализода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Обуна шудан
Геологҳои ИДМ тариқи маҷозӣ самтҳои афзалиятноки тараққиёти геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминиро дар қаламрави ин созмон баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҷаласаи дуюми гуруҳи кории Шурои байниҳукуматӣ дар бораи иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи самтҳои афзалиятноки рушди геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба таври маҷозӣ таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Саридораи геологияи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар кори он намояндагон аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи навбатӣ се мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз рӯи онҳо мушовири шуъбаи ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ Елена Валевич, муовини директори генералии "Mаркази байналмилалии таҷрибаи пешқадам дар соҳаи идораи устувори захираҳои табиӣ" Л. Горюнов ва муовини Сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Алимащмуд Ализода сухан карданд.
Село Поймазор. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2023
Геологҳои Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои барои ҳаёт номуносиб ва хавфнок гуфтанд
Дар ҷаласа оқои Ализода ба ҳайси роҳбари гуруҳи корӣ интихоб шуд.
Доир ба масъалаҳои "Дар бораи вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили институти коршиносон оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои ИДМ" ва "Дар бораи рӯз ва ҷои баргузории ҷаласаи навбатии Гуруҳи корӣ" қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Лентаи хабарҳо
0