https://sputnik.tj/20230930/tojikiston-boziho-osiyo-sohib-yak-medal-girift-1059705026.html
Тоҷикистон аз Бозиҳои Осиёӣ соҳиби боз як медали дигар шуд
Тоҷикистон аз Бозиҳои Осиёӣ соҳиби боз як медали дигар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба хазинаи варзишии кишвар, варзишгари тоҷик дар бахши куштии кураш медали биринҷӣ ворид кард. Ин чорумин медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи мазкур аст
2023-09-30T19:27+0500
2023-09-30T19:27+0500
2023-09-30T22:36+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
медал
бозиҳои осиёӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1e/1059705400_0:221:1280:941_1920x0_80_0_0_c19c25b9744a763e8bc3f7adff2267d8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Хайрандеш Муродзода дар Бозиҳои Осиёӣ аз намуди куштии кураш соҳиби медали биринҷӣ шуд.Ин аввали медали Тоҷикистон аз куштии кураш дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2023 маҳсуб мешавад..Муродзода дар вазни то 66 кг дар даври аввал бар Ҷое Ҳеддад аз Лубнон пирӯз шуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ паҳлавони муғул Энхболд Энхтайванро мағлуб намуд.Зимнан, дар даври ниманиҳоӣ ӯ аз Маҷид Воҳид Бариманлуи Эрон шикаст хӯрда, ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт. Маврид ба зикр аст, ки ин нишони дуюми биринҷӣ ва медали чаҳоруми ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ мебошад.Тоҷикистон аз ин мусобиқа як медали тило дорад. Онро Сомонпаҳлавон ба хазинаи варзишии кишвар ворид кард.Ҳамчунин Темур Раҳимов ба гирифтани медали нуқра сазовор шуда, Беҳрӯз Хоҷазода соҳиби имедали биринҷӣ шуд.Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз гардида, то 8 октябр идома меёбанд. Дар ин мусобиқа 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст.б
https://sputnik.tj/20230929/charo-shatranjbozon-tojik-bozihoi-osiyo-naraftand-1059674686.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1e/1059705400_0:101:1280:1061_1920x0_80_0_0_5c1b4521156868432b56d7a52dae9f78.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозиҳои осиё медал варзишгарони тоҷик ҳайрандеш муродзода
бозиҳои осиё медал варзишгарони тоҷик ҳайрандеш муродзода
Тоҷикистон аз Бозиҳои Осиёӣ соҳиби боз як медали дигар шуд
19:27 30.09.2023 (Навсозишуда: 22:36 30.09.2023) Ба хазинаи варзишии кишвар, варзишгари тоҷик дар бахши куштии кураш медали биринҷӣ ворид кард. Ин чорумин медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи мазкур аст
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Хайрандеш Муродзода дар Бозиҳои Осиёӣ аз намуди куштии кураш соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Ин аввали медали Тоҷикистон аз куштии кураш дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2023 маҳсуб мешавад..
Муродзода дар вазни то 66 кг дар даври аввал бар Ҷое Ҳеддад аз Лубнон пирӯз шуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ паҳлавони муғул Энхболд Энхтайванро мағлуб намуд.
Зимнан, дар даври ниманиҳоӣ ӯ аз Маҷид Воҳид Бариманлуи Эрон шикаст хӯрда, ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки ин нишони дуюми биринҷӣ ва медали чаҳоруми ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ мебошад.
Тоҷикистон аз ин мусобиқа як медали тило дорад. Онро Сомонпаҳлавон ба хазинаи варзишии кишвар ворид кард.
Ҳамчунин Темур Раҳимов ба гирифтани медали нуқра сазовор шуда, Беҳрӯз Хоҷазода соҳиби имедали биринҷӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз гардида, то 8 октябр идома меёбанд. Дар ин мусобиқа 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст.б