https://sputnik.tj/20230930/narkh-ord-tojikiston-besobiqa-garon-1059699893.html
Нархи орд дар Тоҷикистон бесобиқа гарон шуд
Нархи орд дар Тоҷикистон бесобиқа гарон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши орд, яке аз маҳсулоти асосии ғизо дар кишвар давоми 10 рӯзи ахир ҳудуди 18% боло рафт, ки коршиносон инро дар чанд соли ахир бесобиқа гуфтанд
2023-09-30T12:30+0500
2023-09-30T12:30+0500
2023-09-30T12:30+0500
дар тоҷикистон
орд
иҷтимоъ
гарон
нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138197_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_b54d788fa0e199bb99e9f5ee75c01f86.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Арзиши орд дар бозорҳои Тоҷикистон тайи даҳ рӯзи ахир якбора боло рафт.Ҳоло нархи як халта орди навъи якум 330-340 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки 10 рӯз пеш шаҳрвандон онро бо қимати 270 сомонӣ харидорӣ мекарданд.Коршиносон мегӯянд, ки дар як ҳафта нархи орд 18% қиммат шудааст, ки давоми чанд соли охир бесобиқа аст.Зимнан, тоҷирон мегӯянд, на онҳо сабабгори гароншавии орд ҳастанд, балки ин мушкил ба хориҷи кишвар вобаста аст.Иллати дигари гарон шудани нархи орд ин номусоид омадани боду ҳаво аст.Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, ки бориши зиёд дар Қазоқистон ва дер ҷамъоварӣ кардани ҳосилу талаф ёфтани гандум боиси боло рафтани нархи он шуд.Ҳоло нархи як тонна гандуми воридотӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 350 доллар пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки чаҳор моҳ пеш аз 240 то 260 доллар буд.Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳашт моҳи имсол аз ҷониби 61 ширкат ба Тоҷикистон зиёда аз 590 ҳазор тонна гандум оварда шудааст.
https://sputnik.tj/20230806/narkh-hajm-voridot-ord-tojikiston-kohish-1058674647.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138197_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_291f15a402540e3afc40796b7a72bae9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
орд тоҷикистон гарон
Нархи орд дар Тоҷикистон бесобиқа гарон шуд
Арзиши орд, яке аз маҳсулоти асосии ғизо дар кишвар давоми 10 рӯзи ахир ҳудуди 18% боло рафт, ки коршиносон инро дар чанд соли ахир бесобиқа гуфтанд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Арзиши орд дар бозорҳои Тоҷикистон тайи даҳ рӯзи ахир якбора боло рафт.
Ҳоло нархи як халта орди навъи якум 330-340 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки 10 рӯз пеш шаҳрвандон онро бо қимати 270 сомонӣ харидорӣ мекарданд.
Коршиносон мегӯянд, ки дар як ҳафта нархи орд 18% қиммат шудааст, ки давоми чанд соли охир бесобиқа аст.
Зимнан, тоҷирон мегӯянд, на онҳо сабабгори гароншавии орд ҳастанд, балки ин мушкил ба хориҷи кишвар вобаста аст.
Иллати дигари гарон шудани нархи орд ин номусоид омадани боду ҳаво аст.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, ки бориши зиёд дар Қазоқистон ва дер ҷамъоварӣ кардани ҳосилу талаф ёфтани гандум боиси боло рафтани нархи он шуд.
Ҳоло нархи як тонна гандуми воридотӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 350 доллар пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки чаҳор моҳ пеш аз 240 то 260 доллар буд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳашт моҳи имсол аз ҷониби 61 ширкат ба Тоҷикистон зиёда аз 590 ҳазор тонна гандум оварда шудааст.