Дидори Расулзода бо сарвазири Озарбойҷон дар Душанбе

© Фото : Правительство ТаджикистанаПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзада (справа) и премьер-министр Азербайджана Али Хидаят оглы Асадов на полях Инвестфорума "Душанбе 2023".
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзада (справа) и премьер-министр Азербайджана Али Хидаят оглы Асадов на полях Инвестфорума Душанбе 2023. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Обуна шудан
Ҳайати баландпояи мақомдорони давлатии Озарбойҷон таҳти роҳбарии сарвазир Алӣ Асадов бо сафари корӣ дар пойтахти Тоҷикистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Сарвазирони Тоҷикистону Озарбойҷон, Қоҳир Расулзода ва Алӣ Асадов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Ба гузориши расонаҳои озарбойҷонӣ Алӣ Асадов бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода ба Душанбе рафтааст.
Гуфта мешавад, ки Асадов дар Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-2023" ширкат карда, як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.
Илҳом Алиев ва Қоҳир Расулзода дар фурудгоҳи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Поёни сафари Алиев ба Душанбе
Маврид ба зикр аст, ки нимаи моҳи сентябри соли равон, раисҷумҳури Озарбойҷон, Илҳом Алиев дар Душанбе қарор дошту бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуда буд.
Феълан ҳайати бузурги Озарбойҷон барои иштирок дар Форуми сармоягузорӣ, ки рӯзҳои 29-30 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон идома меёбад, иштирок доранд.
Душанбе ва Боку имконоти ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва иртибототро бузург арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0