Аз сармоя то технология ва Афғонистон: Раҳмон дар Олмон аз чӣ гуфт?

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и президент Германии Франк-Вальтер Штайнмайер
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и президент Германии Франк-Вальтер Штайнмайер  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо президенти Олмон иштирок намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориро ном бурд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Олмон, Франк-Валтер Штайнмайер густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон" барои пазироии самимии роҳбарияти кишвари мизбон сипосгузорӣ кардаст.
Дар мулоқот ба тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудаст.
Встреча глав МИД РФ и ФРГ С. Лаврова и А. Бербок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазири Олмон гуфт, сокинони кишвараш сабаби дастгирии Украинаро намефаҳманд
"Дар баробари ин зарур шумурда шуд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти сармоягузорӣ, дар бахшҳои гуногуни саноат, обу энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва сайёҳӣ фаъол карда шавад", - омадааст дар иттилоия.
Мавзӯи афзоиши таҳдиду хатарҳо, аз он ҷумла вазъ дар Афғонистон низ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаст.
Инчунин дар мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон аз Франк-Валтер Штайнмайер даъват кардааст, вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.
Лентаи хабарҳо
0