Рустами Эмомалӣ хостори таҳкими ҳамкориҳо бо Маскав шуд

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаРустам Эмомали
Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе бо ноиби сарвазири Русия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карда, нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро калидӣ хонд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо ноиби раиси ҳукумати Русия Марат Ҳуснуллин аз сатҳи равобити ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар суҳбат Ҳуснуллин аз саъю талоши роҳбарони ду давлат тавсиф кардаст, ки дар натиҷа муносиботи Тоҷикистону Русия бемайлон рушд доранд.
Нақши робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун шохаи муҳими муносибатҳои тоҷикистонию русиягӣ арзёбӣ гардид, афзуд манбаъ.
"Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ, ҷалби сармоя, инноватсия ва технологияҳои нав, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ки аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд", - омадааст дар иттилоия.
Выставка Душанбе-инвест - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ дар форуми “Душанбе Инвест” чиро намоиш дод?
Дар раванди таҳкими ҳамкориҳо нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ калидӣ хонда шудаст.
Густариши робитаҳои байниминтақавӣ аз самтҳои дигари муносиботи Тоҷикистону Русия гуфта шудааст. Ҳамкории фаъоли тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳо зикр гардидаст.
Шаҳрдории Душанбе хостори таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба бо пойтахти Руися шудааст.
Ҳуснулин дар навбати худ аз кори тими Рустами Душанбе тавсиф намудаст, ки барои таҳкими муносиботи дуҷониба ва ободии пойтахти Тоҷикистон фаъолияти густурда доранд.
Лентаи хабарҳо
0