https://sputnik.tj/20230929/korfarmo-rusiya-tamini-khona-muvazzaf-1059680115.html
Корфармоҳо дар Русияро ба таъмини хона барои муҳоҷирон муваззаф месозанд
Корфармоҳо дар Русияро ба таъмини хона барои муҳоҷирон муваззаф месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Андешидани чунин чораҳо нисбати корфармоён бо афзоиши шумори қонуншиканиҳо бо иштироки муҳоҷирони корӣ алоқаманд аст, изҳор медоранд вакилон 29.09.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-09-29T12:29+0500
2023-09-29T12:29+0500
2023-09-29T12:54+0500
дар тоҷикистон
мусиқӣ
ошкор
муҳоҷират
мансабдор
корфармо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1e/1055865317_0:0:2599:1463_1920x0_80_0_0_b90e31a01515a7d2fecf907a03f0b366.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Корфармоёни русиягие, ки муҳоҷирони кориро ба кор мегиранд, бояд онҳоро бо манзил ва сабти номи муваққатӣ дар манзил таъмин кунанд. Лоиҳаи қонуни дахлдор барои баррасӣ ба Думаи давлатии Русия пешниҳод карда мешавад. "Ширкатҳое, ки муҳоҷиронро ба кор қабул мекунанд, вазифадор мешаванд, ки онҳоро дар давоми мӯҳлати шартномаи меҳнатӣ бо манзил таъмин кунанд", - таъкид мешавад дар ҳуҷҷат. Тибқи лоиҳа, нуктаи асосӣ расман сабти ном кардани меҳмонон дар ҷои иқомат аст. Қайд карда мешавад, ки ба ин гуна манзил хобгоҳҳои махсус, хонаҳо ва ё утоқҳои иҷора барои коргарон дохил шуда метавонанд. Агар корманд мустақилона хонаро ба иҷора гираду дар он сабти ном шавад, корфармо аз ин уҳдадорӣ озод мегардад. Дар лоиҳаи қонун ҷазо барои вайрон кардани ин меъёр, ҷарима ба шахсони мансабдор - аз 40 то 100 ҳазор рубл, ҷарима ба шахсони ҳуқуқӣ - аз 400 то 500 ҳазор рубл таҳдид мекунаду фаъолияти ширкатро то 90 рӯз боздоштан мумкин аст. Ташаббускорон мегӯянд, а қайд гирифтан дар ҷои истиқомат имкон медиҳад, ки қонуншиканонро назорат кунанду зуд ошкор намоянд.
https://sputnik.tj/20230914/rusiya-mutobiqshavi-osiyoi-markazi-muhojiron-1059385181.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1e/1055865317_0:0:2519:1889_1920x0_80_0_0_794ad3e8daadf965d07824405ac7966b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, мусиқӣ, ошкор, муҳоҷират, мансабдор, корфармо
дар тоҷикистон, мусиқӣ, ошкор, муҳоҷират, мансабдор, корфармо
Корфармоҳо дар Русияро ба таъмини хона барои муҳоҷирон муваззаф месозанд
12:29 29.09.2023 (Навсозишуда: 12:54 29.09.2023) Андешидани чунин чораҳо нисбати корфармоён бо афзоиши шумори қонуншиканиҳо бо иштироки муҳоҷирони корӣ алоқаманд аст, изҳор медоранд вакилон
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Корфармоёни русиягие, ки муҳоҷирони кориро ба кор мегиранд, бояд онҳоро бо манзил ва сабти номи муваққатӣ дар манзил таъмин кунанд.
Лоиҳаи қонуни дахлдор барои баррасӣ ба Думаи давлатии Русия пешниҳод карда мешавад.
"Ширкатҳое, ки муҳоҷиронро ба кор қабул мекунанд, вазифадор мешаванд, ки онҳоро дар давоми мӯҳлати шартномаи меҳнатӣ бо манзил таъмин кунанд", - таъкид мешавад дар ҳуҷҷат.
Тибқи лоиҳа, нуктаи асосӣ расман сабти ном кардани меҳмонон дар ҷои иқомат аст.
Қайд карда мешавад, ки ба ин гуна манзил хобгоҳҳои махсус, хонаҳо ва ё утоқҳои иҷора барои коргарон дохил шуда метавонанд.
Агар корманд мустақилона хонаро ба иҷора гираду дар он сабти ном шавад, корфармо аз ин уҳдадорӣ озод мегардад.
Дар лоиҳаи қонун ҷазо барои вайрон кардани ин меъёр, ҷарима ба шахсони мансабдор - аз 40 то 100 ҳазор рубл, ҷарима ба шахсони ҳуқуқӣ - аз 400 то 500 ҳазор рубл таҳдид мекунаду фаъолияти ширкатро то 90 рӯз боздоштан мумкин аст.
Ташаббускорон мегӯянд, а қайд гирифтан дар ҷои истиқомат имкон медиҳад, ки қонуншиканонро назорат кунанду зуд ошкор намоянд.