https://sputnik.tj/20230929/boron-barf-chang-ghubor-peshgui-ob-havo-tojikiston-1059673314.html
Борону барфу чангу ғубор: пешгӯии обу ҳавои Тоҷикистон
Борону барфу чангу ғубор: пешгӯии обу ҳавои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар кишвар акнун мизони ҳарорати ҳаво поин меравад. Дар ҷануби кишвар ҳарчанд гармо ҳукмфармо бошад, аммо дар баландиҳои шимолу шарқ мавсими барфу борон омад
2023-09-29T09:42+0500
2023-09-29T09:42+0500
2023-09-29T09:42+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
агентии ҳавосанҷӣ
борон
бориши барф
чангу ғубор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043317840_0:104:2656:1597_1920x0_80_0_0_52180664102257a979a0a30417e299f9.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзеи дигар чангу ғубор ба амал меояд.Ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳарорати ҳаво дар кишвар аз -12 дараҷа хунук дар шарқи ВМКБ то 29 дараҷа дар навоҳии марказию ҷануби кишвар пешгӯӣ мегардад. Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳарорат дар ғарби ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят борони суст ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва дар баъзе ноҳияҳо то 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа то 7-12 хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.Суғдро низ ҳавои тағйирёбанда, фаро гирифта, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борон ва барф) ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.Аммо дар хатлон гармтар, аммо шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.Ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр борон ва барф) ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20230817/binoi-bisyoroshiyona-navbunyod-khorugh-zarardida-1058874876.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043317840_0:0:2360:1770_1920x0_80_0_0_a38b3f1c4a444282964cbf6d1b49e1bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
борон барф чанг ғубор пешгӯӣ об ҳаво тоҷикистон
борон барф чанг ғубор пешгӯӣ об ҳаво тоҷикистон
Борону барфу чангу ғубор: пешгӯии обу ҳавои Тоҷикистон
Дар кишвар акнун мизони ҳарорати ҳаво поин меравад. Дар ҷануби кишвар ҳарчанд гармо ҳукмфармо бошад, аммо дар баландиҳои шимолу шарқ мавсими барфу борон омад
ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзеи дигар чангу ғубор ба амал меояд.
Ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳарорати ҳаво дар кишвар аз -12 дараҷа хунук дар шарқи ВМКБ то 29 дараҷа дар навоҳии марказию ҷануби кишвар пешгӯӣ мегардад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳарорат дар ғарби ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят борони суст ва барф ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва дар баъзе ноҳияҳо то 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа то 7-12 хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбанда, фаро гирифта, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борон ва барф) ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Аммо дар хатлон гармтар, аммо шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр борон ва барф) ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.