https://sputnik.tj/20230929/barrasi-solimgardoni-hududho-istehsolot-uran-tojikiston-1059682406.html
Баррасии солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зараргардидаи Тоҷикистон
Баррасии солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зараргардидаи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон бо масъулини Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зараргардидаи кишварро баррасӣ карданд
2023-09-29T13:32+0500
2023-09-29T13:32+0500
2023-09-29T13:32+0500
дар тоҷикистон
атомӣ
партовгоҳ
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
уран
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1d/1059688659_0:114:286:275_1920x0_80_0_0_1a4d1195fc603cd8edfc23198cb4b8c6.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Намояндагони кишварҳои шарики Тоҷикистон ба мақомоти кишвар идомаи ҳамкорӣ дар самти солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зараргардидаи кишварро баррасӣ карданд.Да ин бора дафтари матбуоти вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ин мулоқот дар ҳошияи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар 67-умин иҷлоси Конфронси умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) баргузор гардидааст.Қайд карда шудааст, ки мулоқоти ҳайати кишвар бо масъулини ниҳодҳои соҳавии Комиссияи Аврупо барпо гардид, ки дар он ҷонибҳо имконияти иштироки Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои мувофиқашуда дар самти солимгардонии партовҳои радиоактивӣ, мушкилоти ҷойдошта ва мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.Вазорат таъкид кардааст, ки бо дарназардошти пешниҳод шудани лоиҳаи барӯзгардидаи Нақшаи стратегии умумии АБНА доир ба солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2025, зарурати дастгирии кишвар дар самти мустаҳкам намудани иқтидори ниҳодҳои масъул ҷиҳати таъмини ҳамоҳангӣ дар давраи баъдӣ ва татбиқи мавзеъҳои феълӣ тибқи стратегияи қаблӣ ба назар гирифта шавад.Ҳамчунин вохӯриҳои алоҳида бо роҳбарони ҳайатҳои Япония, ИМА, Олмон ва намояндагони масъули кишварии АБНА ҷиҳати пайгирии мавзуҳои муштарак дар доираи ҳисоби барқарорсозии муҳити зист дар Осиёи Марказӣ сурат гирифтанд.
https://sputnik.tj/20230804/rosatom-rusiya-ruypushkuni-partovgoh-uran-sugd-1058651301.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1d/1059688659_0:87:286:302_1920x0_80_0_0_5114af62e1ea61c4843b44650c44a760.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, солимгардонӣ, ҳудуд, истеҳсол, уран, зараргардда, вазорати саноат
тоҷикистон, солимгардонӣ, ҳудуд, истеҳсол, уран, зараргардда, вазорати саноат
Баррасии солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зараргардидаи Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон бо масъулини Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зараргардидаи кишварро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Намояндагони кишварҳои шарики Тоҷикистон ба мақомоти кишвар идомаи ҳамкорӣ дар самти солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зараргардидаи кишварро баррасӣ карданд.
Да ин бора дафтари матбуоти вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин мулоқот дар ҳошияи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар 67-умин иҷлоси Конфронси умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) баргузор гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки мулоқоти ҳайати кишвар бо масъулини ниҳодҳои соҳавии Комиссияи Аврупо барпо гардид, ки дар он ҷонибҳо имконияти иштироки Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои мувофиқашуда дар самти солимгардонии партовҳои радиоактивӣ, мушкилоти ҷойдошта ва мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.
Вазорат таъкид кардааст, ки бо дарназардошти пешниҳод шудани лоиҳаи барӯзгардидаи Нақшаи стратегии умумии АБНА доир ба солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2025, зарурати дастгирии кишвар дар самти мустаҳкам намудани иқтидори ниҳодҳои масъул ҷиҳати таъмини ҳамоҳангӣ дар давраи баъдӣ ва татбиқи мавзеъҳои феълӣ тибқи стратегияи қаблӣ ба назар гирифта шавад.
Ҳамчунин вохӯриҳои алоҳида бо роҳбарони ҳайатҳои Япония, ИМА, Олмон ва намояндагони масъули кишварии АБНА ҷиҳати пайгирии мавзуҳои муштарак дар доираи ҳисоби барқарорсозии муҳити зист дар Осиёи Марказӣ сурат гирифтанд.