Садама дар хати обрасон ҳазорҳо хоҷагиро дар Душанбе бе об гузошт

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкКран в доме
Кран в доме  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Обуна шудан
Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" шикояти зиёди сокинони маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синои пойтахтро дар мавриди беобияшон шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Корхонаи "Обу корези Душанбе" дар беоб мондани қисме аз сокинони ноҳияи Сино худи бошандагони онро гунаҳкор кардааст, ки боиси садама дар хати корез шудаанд.
Ба иттилои ин корхона, ба далели садама дар пойгоҳи обкашӣ беш аз 2 ҳазор хоҷагӣ бе об мондаанд.
Манбаъ афзуд, ки кормандони "Обу корези Душанбе" ба ин минтақа сафарбар гардида, муайян намудаанд, ки сокинони биноҳои баландошёна чанд рӯз боз аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашидаанд.
Потрескавшаяся земля водохранилища Сау, Испания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2023
Мубориза барои захирахои об дар Осиёи Миёна вусъат меёбад: Роҳҳал чист?
Муайян шудааст, ки пойгоҳи насосии корезии биноҳои истиқоматии маҳаллаи Навбаҳор дучори садама шудааст ва КВД "Обу корези Душанбе" дар ин худи сокинони минтақаро айбдор медонад.
"Садамаи хати корезӣ бошад бинобар беаҳамиятӣ ва бепарвоии шаҳрвандон рух дод. Зеро баъзе сокинон ба қубурҳои корезӣ партовҳои иҷтимоӣ, аз қабили коғазу латта, памперсу дигар ашёҳоро партофтаанд ва бехабар аз он ки ин амали онҳо оқибати манфӣ ба бор меорад", - омадааст дар матлаб.
Таъкид шудааст, ки давоми рӯз пойгоҳи махсуси канализатсионӣ аз об тоза карда шуда, пасон қубури корези таъмиру таҷдид хоҳад гардид ва мушкили сокинон ҳал хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0