Ҳарорат ҳаво паст мешавад: пешгӯии обуҳавошиносон

© SputnikДень независимости в Таджикистане
День независимости в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Обуна шудан
Обуҳавошиносони тоҷик пешгӯи доранд, ки ҳаво дар кишвар каме сард мешавад ва ҳарорат рӯзона то 1-2 дараҷа паст хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон обу ҳао дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 10 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14 дараҷа гарм, вале рӯзона то 27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона то 13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона аз 10 то 15 дараҷа гарм, рӯзона бошад аз 24 то 29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 дараҷа ва рӯзона то 19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 16 дараҷа гарм, рӯзона то 30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 14 дараҷа ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Супориши Раҳмон ба ҳукумат: Ба зимистонгузаронӣ хуб омода шавед
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 15 дараҷа гарм, рӯзона то 28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 11 дараҷа гарм, рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, ҳаво шабона то 14 дараҷа ва рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0