Боздиди наздик ба 628 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон

© Sputnik Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Обуна шудан
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар панҷ соли охир ба Тоҷикистон беш аз 3,9 миллион гардишгар ворид гардидааст
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. То имрӯз шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади хизматию истироҳатӣ ба Тоҷикистон омадаанд, 628 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод бештар аз 487 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар панҷ соли охир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли гузашта 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд.
“Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли гузашта 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шуданд”, - таъкид кардааст Кумита.
ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ дар бораи рушди соҳаи сайёҳӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Супориши муовини сарвазир: Шароити сайёҳӣ муҳаёст, хизматрасониро беҳтар намоед
Ҳамчунин Кумитаи рушди сайёҳии кишвар ёдовар шудааст, ки Тоҷикистон аз 1 январи соли гузашта барои ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 давлати хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бе раводид ҷорӣ карда шудааст.
Ҳамзамон бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0