Патрушев: Ғарб метавонад дар минтақаи Сахар низоъ ангезад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Обуна шудан
Дабири Шӯрои амнияти Русия муътақид аст, ки кишварҳои Ғарб барои нигоҳ доштани мавқеи ҳукмфармоияшон ба ангехтани низоъҳо дар минтақаҳои мухталиф даст мезананд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ғарб барои нигоҳ доштани дастрасӣ ба сарватҳои табиии Нигер кушиш мекунад, ки дар тамоми минтақаи Сахар задухӯрди калони мусаллаҳона ташкил намояд.
Инро дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев зимни машваратҳои амниятӣ бо мақомоти Миср баён доштаст.
Вай изҳори умедворӣ намудаст, ки кишварҳои минтақа имкон намедиҳанд то пояшон ба ин даргирии бузурги минтақавӣ кашонда шавад.
"Барои нигоҳ доштани нуфузи сиёсии худ ва дастрасӣ ба сарватҳои табиии Нигер Ғарб кушиш мекунанд, бо ҷалби кишварҳои ғарби Африқо даргирии бузурги минтақавиро ангезад", - гуфт ӯ.
Фрагмент Капитолия Вашингтона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
ВАО: ИМА тасмим гирифт, ки аз шарики калидияш даст кашад
Ба гуфтаи Патрушев, "нақши тахрибкоронаи Ғарб, ки ба эҷоди маконҳои ташаннуҷ нигаронида шудааст, на танҳо дар Украина, балки дар тамоми ҷаҳон ба таври равшан мушоҳида мешавад".
Дар феҳрасти минтақаҳое, ки ба гуфтаи Патрушев Ғарб талоши шиддат бахшидани вазъро дорад, аз ҷумла Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шимолу Шарқӣ ва Марказӣ, инчунин моварои Қафқоз ҳавзаи Баҳри Сиёҳ ва Балтика ном бурда шуданд.
Ӯ афзуд, ки НАТО тавонмандиҳои худро, пеш аз ҳама дар марзҳои Русия, ба таври қобили мулоҳиза афзоиш медиҳад.
Дабири Шӯрои амнияти Русия таъкид намуд, ки дар ҳар минтақаи даргир, ба монанди Украина Ғарб кӯшиш хоҳад кард, ки бо дасти дигарон биҷангад.
Лентаи хабарҳо
0