Харид тавасути интернет барои 95% аҳоли ИИАО ба таври оддӣ шудааст

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкАкция "Черная пятница"
Акция Черная пятница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Обуна шудан
Мақомдор дар Комиссияи иқтисодии АвруОсиё гуфт, истеъмолкунандагон ҳангоми харидани мол аз интернет бештар ба кадом хатарҳо дучор мешаванд
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Тибқи натоиҷи як назарпурсии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, барои 95% аҳолии кишварҳои узви ИИАО харидории мол аз тариқи интернет як кори маъмулӣ шудааст, иттилоъ додааст tazabek.kg.
Ба гуфтаи Мудири департаменти чораҳои санитарӣ, фитосанитарӣ ва байтории Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Наталя Жукова, ҳудуди 80% пурсидашудагон дар интернет на танҳо ба мол, балки хидматрасонӣ низ фармоиш медиҳанд.
"Истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои савдои электронӣ шаҳрвандони аз 26 то 40 сола мебошан. Зиёда аз 50% харидорони пурсишшуда бо хатарҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои худ дар Интернет дучор омадаанд. Танҳо 6% истеъмолкунандагон дар интернет бароҳат харид мекунанд", - шарҳ дод хонум Жукова.
Вай илова кард, ки дар 30% ҳолатҳо, истеъмолкунандагон метарсанд, ки моли дар мағозаи онлайн харидашуда пастсифат хоҳад буд. Дар ҳолатҳои дигар шаҳрвандон аз хавфҳои марбут ба интиқоли саривақтии мол ё дигар хатарҳоро, ки асосан бо қаллобӣ ва фиреб рабт доранд, қайд мекунанд.
Форум ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2023
Володин дар Муғулистон: Хоҳишмандони вуруд ба ИИАО афзоиш ёфта истодаанд
Вай афзуд, ки дар тиҷорати электронӣ масъалаи аз рӯи виҷдон огоҳ кардани истеъмолкунандагон дар бораи арзиши ниҳоии маҳсулот мубрам боқӣ мемонад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми ба қисмҳо харид кардани мол тақрибан 35% иштирокчиёни пурсиш эътироф карданд, ки арзиши ниҳоии молро бо фурӯшанда мушаххас накардаанд.
"Дар баробари ин, 12% пурсидашудагон ҳатто гумон намекунанд, ки арзиши ниҳоии мол метавонад аз нархе, ки дар сомона фурӯшанда пешниҳод мекунад арзонтар бошад.
Лентаи хабарҳо
0