Боздошти ду тоҷикистонии гумонбар дар одамрабоӣ дар Маскав

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкИзбрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Обуна шудан
Пулиси Русия дар шаҳри Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои одамрабоӣ ва куштор мавриди ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд, боздошт намуд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Пулиси шаҳри Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард, ки барои одамрабоӣ ва куштор дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк ба хабаргузории “ТАСС” хабар додааст.
"Дар Маскав кормандони Бюрои миллии марказии “Интерпол”-и Вазорати корҳои дохилии Русия, Сарраёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Русия ва Раёсати кофтукови ҷиноии Маскав ду бародар - шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт карданд. Тоҷикистон. Онҳоро ба куштори бераҳмона ва одамрабоӣ гумонбар дониста мешаванд", - гуфт ӯ.
Хонум Волк қайд кард, ки дар моҳи ноябри соли 2020 бародароне, ки дар Русия буданд, фаҳмиданд, ки хоҳарашон дар Тоҷикистон бо як мард робитаи наздик доштааст. Онҳо ба ватан баргашта, ин мардро, ки бо хоҳарошон робита дошт рабуда ва ба қатл расонданд. Ҷасади ӯро дар партовгоҳ гур карданд. Ҷинояткорон баъди содир кардани ҷиноят ба қаламрави Русия фирор кардаанд.
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2023
"Ин камбудии мост": Раҳмон дар бораи рабудану куштори ноиби раиси "Ориёнбонк"
Мақомоти дахлдори Тоҷикистон гумонбаронро ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон кард.
Ҳамин тавр пулиси Русия афроди мавриди ҷустуҷӯро пайдо ва боздошт кардааст.
"Дар ҳоли ҳозир масъалаи истирдоди боздоштшудаҳо ба Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ аст", - афзуд Ирина Волк.
Лентаи хабарҳо
0